расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МАРГИ ФОҶИАВИИ ЧОР УЗВИ ЯК ОИЛА АЗ ИСФАРА ДАР РУСИЯ АЗ ГАЗУ ДУДИ БЕНЗИН (АКС)

Асосӣ / Ҷомеа / Муҳоҷир

МАРГИ ФОҶИАВИИ ЧОР УЗВИ ЯК ОИЛА АЗ ИСФАРА ДАР РУСИЯ АЗ ГАЗУ ДУДИ БЕНЗИН (АКС)

МАРГИ ФОҶИАВИИ ЧОР УЗВИ ЯК ОИЛА АЗ ИСФАРА ДАР РУСИЯ АЗ ГАЗУ ДУДИ БЕНЗИН (АКС)
Раёсати тафтишоти вилояти Ростови Русия дар бораи оғози тафтиши сабабҳои марги чор узви як оила аз дуду гази бензин дар ҷамоати Шепкини ноҳияи Оқсойи вилояти Ростов, воқеъ дар ҳамагӣ 10-километрии канораҳои шимолии маркази ин вилоят, шаҳри Ростови лаби Дон, хабар дод. “ Нашрияи “Царьград/Ростов-на-Дону” бо такя ба маълумоти муқаддамотии муфаттишон хабар дод, ки он шаб ду писар ҳамроҳи як келин ба хонаи падару модарашон меҳмонӣ омадаанд.  “Падари хонавода фикр кардааст, ки хона сард аст ва генератори нирӯи барқро ба кор даровардааст. Баъди чанде генератор нуқсе пайдо кардаасту аз он гази карбон хориҷ шуда, хонаро пур кардааст. Чор нафар дар дохили хона аз нафас кашидани гази карбон ҷон додаанд. Як занро табибони “Ёрии таъҷилӣ" дар бемористони шаҳрӣ бистарӣ кардаанд”, - хабар медиҳад ин нашрия.
Мақомоти тафтишотӣ шахсияти қурбониёни ин ҳодисаи нохушро нашр накардаанд, вале дар каналҳои муҳоҷирони зодаи Исфара хабар доданд, ки ин ҳодиса шаби 17 ба 18 январи соли 2024 рух дода, ҳалокшудагон ҳама аъзои оилаи ронандаи автобуси дар ин қисмати шимоли Тоҷикистон шинохта Файёзиддин Савриддинови 66-сола аз ҷамоати Гулистон будаанд. Ҳамроҳи ӯ он шаби наҳс аз дуди бензин ҳамчунин ҳамсари 65-солааш Раъно Савриддинова ва ду фарзанди онҳо Ғуломҷон ва Ғуфронҷон, ки 39 ва 38 сол доштанд, ҷон додаанд.Ҷасадҳои қурбониёнро алакай рӯзи 21 январ барои гӯручӯб ба Тоҷикистон фиристодаанд, вале як келини хонавода дар ҳолати вазнин дар бемористон боқӣ мондааст.  Ба гуфтаи муҳоҷирони зодаи Исфара, яке аз писарони ин хонавода фарзанд надошт, вале аз дуюмӣ се фарзанди хурдсол дар Русия ятим монд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.