Пирӯзии “Озодагон” дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба тенниси рӯи миз байни идораҳои васоити ахбори омма, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бахшида ба Рӯзи Президент баргузор намуд, бо пирӯзии дастаи “Озодагон” ба анҷом расид.
Мусобиқа се рӯз ҷараён гирифт. Дастаи “Озодагон” дар ҳайати Муҳаммадюсуф Нуралиев, Муҳаммад Тилавзода, Сайф Сафар ва Ҳакими Даврон тамоми бозиҳои даставиро бо пирӯзӣ анҷом дода, ҷойи аввалро ишғол кард. Дастаҳои рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ҷойи дуюм ва Телевизиони “Ҷаҳоннамо” мақоми сеюмро соҳиб шуданд.
Дар бозиҳои инфиродӣ, ки 20 декабр баргузор гардид, Зафар Аскар, намояндаи радиои Тоҷикистон ҷойи аввал, Ҳакими Даврон, намояндаи хабаргузории “Озодагон” зинаи дуввум ва Сафархӯҷа Ризоев, намояндаи телевизиони «Ҷаҳоннамо» мақоми сеюмро ишғол карданд.
Дар сабқати ҷуфтии омехта Ҷаҳоноро Шоҳқурбонова ва Ҳакими Даврон ҷойи якум, Бахтовар Каримов ва Имомова ҷойи дуюм, Муҳаммадамин Каримов ва Гулбаҳор Раҳмонова ҷойи сеюмро гирифтанд.
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон