расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » 3 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: МАРГИ РОНАНДАИ ТОҶИК ДАР САДАМА ДАР ВИЛОЯТИ ЛЕНИНГРАД

Асосӣ / Муҳоҷир

3 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: МАРГИ РОНАНДАИ ТОҶИК ДАР САДАМА ДАР ВИЛОЯТИ ЛЕНИНГРАД

3 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: МАРГИ РОНАНДАИ ТОҶИК ДАР САДАМА ДАР ВИЛОЯТИ ЛЕНИНГРАД
Нимаи дуюми рӯзи 30 июли соли 2023, тақрибан соати 18:45, як ронандаи 30-сола аз Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Тоснои вилояти Ленингради Русия дар садама ҷон бохтааст.
Тавре нашрияи маҳаллии “Мегаполис” бо такя ба манбааш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Ленинград хабар дод,  ин садама дар километри 636-уми шоҳроҳи М10 “Россия”, дар гардиши деҳаи Ушаки  рух додааст. Ушаки дар 10-километрии ҷануби шаҳри Тосно ва тақрибан 70-километрии ҷанубушарқи шаҳри Санкт-Петербург ҷойгир шудааст.
Сокини 35-солаи Петербург, ки савори мошини тамғаи “ГАЗ NEXT Луидор” (“Газел” ё “Ғизол”) ҳаракат дошт, фосиларо дуруст ҳисобу китоб карда натавониста, ба мошини тамғаи “Рено Кенго”, таҳти идораи шаҳрванди сисолаи Тоҷикистон, ки барои гаштан ба тарафи чап манъ карда буд, бархӯрдааст. Зарба чунон сахт буд, ки мошини “Рено Кенго”, ё ба қавли мардум, “каблук”, ба самти муқобили роҳ баромада, зери чархҳои мошини боркаши тамғаи “Volvo Fll 4X2”, таҳти идораи сокини 54-солаи ноҳияи Москваи шаҳри Петербург мондааст.
Ронандаи “Рено”, ки аз Тоҷикистон буда, дар шаҳраки Шушари дар канораҳои ҷанубии Петербург сабти ном доштааст, бар асари ҷароҳатҳои муҳлики бардоштааш ба ҳалокат расидааст.
Нисбат ба ронандаи “Газел” (“Ғизол”) бар асоси қисми сеюми моддаи 264 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон шудааст, парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо то 4 сол корҳои ислоҳӣ ваё то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.