Юнон рақиби Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон, ки

аз ҳисоби бозигарони соли таваллудашон 1999 ва аз он хурдтар таркиб ёфтааст, дар мусобиқаи байналмилалӣ гиромидошти хотираи аввалин ноиби президенти ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Юнон, Булғористон ва Эстония рақобат мекунад. Мусобиқаи XXIX байналмилалӣ барои гиромидошти хотираи Валентин Гранаткин бо ширкати 16 даста аз 8 то 21-уми январ дар Маҷмааи варзишию фарҳангии шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад. Ба ҷуз мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, дар ин мусобиқаи анъанавӣ дастаҳои Русия, Словакия, Юнон, Озарбойҷон, Булғористон, Ҳиндустон, Эрон, Словения, Белорус, Қазоқистон, Эстония, Латвия, Литва ва Молдова, инчунин тими шаҳри Санкт-Петербург ширкат меварзанд. Бар асоси дастури мусобиқа, дар марҳилаи аввал 16 даста ба чор гурӯҳ тақсим мешавад. Мусобиқаи марҳилаи аввал аз рӯи системи даврӣ барпо мегардад, яъне ҳар як даста бо дастаҳои дигари гурӯҳ як бозӣ анҷом медиҳад. Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳҳо аз рӯйи имтиёзҳои дар ҳамаи бозиҳо бадастоварда муайян карда мешавад (ғалаба – 3 имтиёз, мусовӣ – 1 имтиёз, бохт – 0 имтиёз). 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон