расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Қудратро мегирем: Ҷабҳаи муқовимат гуфт, кай ҳамалоти густурдаро роҳандозӣ мекунад

Сиёсат / Ҷаҳон

Қудратро мегирем: Ҷабҳаи муқовимат гуфт, кай ҳамалоти густурдаро роҳандозӣ мекунад

Ягона нерӯи зиддитолибонӣ дар Афғонистон бовар дорад, ки қудратро ба даст мегирад

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд пас аз зимистон ҳамалоти худ алайҳи толибонро оғоз хоҳад кард.

Дар ин бора Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимат дар ҷараёни сафари худ ба Аврупо ба рӯзномаи «Ле Сур"-и Белжик хабар додааст.

«Толибон заифу беназм шудаанд, мо қудратро дубора ба даст меорем», — гуфтааст Алӣ Майсам Назарӣ.

Бино ба гузоришҳо, оқои Майсам дар ҷараёни сафари худ дар Аврупо қарор ва саъй дорад, кишварҳои аврупоиро ба идомаи мубориза бо терроризми ҷаҳонӣ мутақоид кунад.

Ёдовар мешавем, қаблан низ коршиносон гуфта буданд, ки бинобар фасли зимистон амалиётҳо зиёд ба назар намерасанд, аммо бархӯрдҳои шадиди миёни ҷабҳа ва толибон дар баҳор оғоз мешаванд.

Ҳамзамон аксари низомиёни қаблии хукумат дар камингоҳҳоянд, ки баҳор аз худ дарак хоҳанд дод.

Қаблан генерал Фарид Аҳмад, раҳбари нерӯҳои вижаи ҳукумати қаблӣ гуфта буд, ки соли 2022 таҳаввулоти бузурге хоҳад шуд.

Суханони Фарид Аҳмадро коршиноси масоили Афғонистон Андрей Серенко дар «Telegram-канал"-аш нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, омодагии низомии ҷабҳа дар ҳоли худ қарор дошта, корҳо дар умури сиёсӣ низ барои таҳияи барномаи мушаххас хуб пеш мераванд.

Ҳарчанд толибон дар бораи хатми ҷанг ва таъмини амният дар саросари Афғонистон ҳарф мезананд, коршиносони низомӣ мавҷудияти ҷабҳаҳои ҷанги зидди толибонро як хатари ҷиддӣ ба ояндаи ҳукмронии ин гурӯҳ медонанд.

Гурӯҳҳои ҷангӣ дар манотиқи мухталифи Афғонистон, бахусус Панҷшер ва Андароб дар муқобили толибон муттаҳид мешаванд.


Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.