расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Молу мулки судяҳоро мебинанд, агар дурӯғ гӯянд, барканор мешаванд: қонуни нав

Асосӣ / Сиёсат

Молу мулки судяҳоро мебинанд, агар дурӯғ гӯянд, барканор мешаванд: қонуни нав

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар парлумон тағйироти нав  ба қонун дар бораи судҳои ҷумҳуриро муаррифӣ кард, ки ба ҷилавгирӣ аз фасодкории додрасҳо равона шудаанд
 Маҷлиси намояндагон тағйирот ба қонун “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул намуд, ки ҳадафи он ислоҳоти низоми додгоҳӣ ва масъулияти бештари додрасҳо арзёбӣ гардид.
Шоҳиён зимни шарҳи тағйирот гуфт, ба қонун муқаррарот дар бораи пешниҳоди эъломия дар бораи даромад ва вазъи молумулкии судя илова карда шуд.
“Ворид намудани талабот вобаста ба пешниҳоди эъломияи даромад ва вазъи молумулкӣ аз ҷониби судя бо мақсади роҳ надодан ба суиистифодаи вазъи ҳуқуқӣ ба манфиати шахсӣ, гурӯҳӣ ва дигар манфиати ғайрихизматӣ равона гардидааст”,  - изҳор дошт раиси Додгоҳи Олӣ.
Дар феҳрасти сабабҳои барканорию бозхонди судяҳо меъёрҳои нав илова карда шудаанд, яке аз он нафақагири Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ будан аст.
Инчунин бар асоси тағйироти ҷадид, додрас агар бо мақсади пинҳон доштани молу мулкаш ба мақомот маълумоти бардурӯғ пешниҳод кунад, аз мақом барканор хоҳад шуд.
Ба гуфтаи Шоҳиён, дар моддаи 14-уми қонун талабот нисбат ба судя ҳангоми амалӣ намудани адолати судӣ, аз ҷумла дар муносибатҳои ғайрихизматӣ худдорӣ кардан аз содир намудани ҳама гуна амале, ки боиси паст задани обрӯи ҳокимияти судӣ, қадр ва номуси судя мегардад, муқаррар шудааст.
Инчунин дар қонун савганд дар таҳрири нав таҳия шуда, тартиби савгандёдкунӣ муқаррар гардидааст.
Ба гузориши нашрияи парлумонии “Садои мардум”,  инчунин ваколатҳои раиси Суди Олӣ вобаста ба таъйин ва аз вазифа озод намудани сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва масъалаҳо вобаста ба шумораи судяҳо, машваратчиёни халқӣ ва кормандони дастгоҳҳои судҳо такмил дода шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.