расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дар омӯзишгоҳи касби аввалро омӯхтаи Эмомалӣ Раҳмон осорхонаи ӯ боз мешавад

. / Ҷомеа

Дар омӯзишгоҳи касби аввалро омӯхтаи Эмомалӣ Раҳмон осорхонаи ӯ боз мешавад

Нахустин Осорхонаи Пешвои миллат дар бинои ДМТ боз шуд.


Дар маросими ифтитоҳи Осорхонаи Пешвои миллат дар ДМТ, 22 январи соли 2021
Сурат: хадамоти матбуоти президенти ҶТ
Дар бинои Литсейи касбӣ-саноатии кимиёвии шаҳри Левакант, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон охири солҳои 60-уми садаи гузашта дар он касби аввали худро гирифта буд, ҳукумати маҳаллӣ боз кардани Осорхонаи Пешвои миллатро ба нақша гирифтааст.
Тавре дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, бо дастури раиси вилоят дар бинои литсей корҳои таъмир оғоз гардида, ҷамъоварии расму нигораҳо барои осорхонаи оянда ҷараён дорад.
Нахустин Осорхонаи Пешвои миллат дар Тоҷикистон 22 январ дар бинои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби худи президент Эмомалӣ Раҳмон ва раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ба истифода дода шуд.
Ёдрас мекунем, ки президенти Тоҷикистон фаъолияти кории худро соли 1969 пас аз хатми омӯзишгоҳи касбӣ-техникии№40 дар шаҳри Калининобод (феълан - Левакант) ба ҳайси устои барқи корхонаи равғани Қӯрғонтеппа оғоз кардааст.
Айни замон омӯзишгоҳе, ки дар он Пешвои ояндаи миллат касби аввалини худро гирифта буд, Литсейи касбӣ-саноатии кимиёвии №60 шаҳри Левакант номида мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.