Киссенҷер дар давраи президентии Трамп байни Вашингтону Москва миёнарав хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 27.12.2016. Собиқ котиби давлатии ИМА Ҳенри Киссенҷер дар давраи президентии Доналд Трамп дар муносиботи Кохи сафед ва Кремл миёнарав гардида, дар тарҳрезии нақшаи ба эътидол овардани вазъи Украина иштирок хоҳад кард. Дар ин бора рӯзномаи «Bild» бо истинод ба манбаъ аз дастаи президенти тозаинтихоби ИМА ва маълумоти хадамоти иктишофии кишварҳои Аврупо хабар дод.
«Киссенҷер бояд байни Москваю Вашингтон миёнарав гардад. Трамп барои наздик шудан бо Кремл кӯшиш дорад», — менависад нашрия. Тавре ки дар мақола зикр мешавад, бахусус таҷрибаи Киссенджер дар партави таҳдиди эҳтимолии сар задани ҷанги сарди нав ва муносибати мураккаби Трамп бо ҳукумати Чин арзишманд аст.
Рӯзномаи «Bild» ба он ишора мекунад, ки собиқ котиби давлатӣ Владимир Путинро аз замони суқути Девори Берлин медонад. Бо таъкиди нашрия, Киссенджер яке аз он ақаллияти амрикоиҳо аст, ки мунтазам бо роҳбари Россия мулоқот анҷом медод.
Тавре ки рӯзнома бо истинод ба маълумоти хадамоти иктишофии кишварҳои Аврупои Ғарбӣ хабар медиҳад, президенти тозаинтихоби ИМА Доналд Трамп кӯшиш дорад бо маслиҳати Ҳенри Киссенҷер таҳримҳо бар зидди Россияро бекор намояд. Собиқ котиби давлатӣ маслиҳат медиҳад, ки «гегемонияи Россия» дар кишварҳои пасошӯравӣ аз Беларусу Украина ва Гурҷистон то Қазоқистон эътироф карда шавад. «Ин маънои онро дорад, ки ИМА дар доираи нуфузи сиёсии Россия фазои байни Полшаву Эрон ва Афғонистону Чинро эътироф мекунанд», — гуфта мешавад дар мавод.
Дар робита ба ҳалли вазъ дар Украина Киссенҷер бар он назар аст, ки Россия бояд амният дар шарқи кишварро кафолат диҳад. «Дар ҷавоб кишварҳои Ғарб минбаъд ба масъалаи Қрим дахолат намекунанд», — менависад рӯзнома.
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон