расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ДАР ТОҶИКИСТОН ШИРКАТИ НАВИ АЛОҚАИ МОБИЛӢ БО НОМИ «O MOBILE” БА КОР САР МЕКУНАД (ВИДЕО)

. / Ҳаводис

ДАР ТОҶИКИСТОН ШИРКАТИ НАВИ АЛОҚАИ МОБИЛӢ БО НОМИ «O MOBILE” БА КОР САР МЕКУНАД (ВИДЕО)

Ба наздикӣ дар бозори алоқаи мобилии Тоҷикистон ширкати наве бо номи O Mobile ба кор сар мекунад. Ширкати нав алакай сомонаашро https://omobile.tj/tj) таъсис дода ва нақшаи тарифҳояшро ҳам эълон кардааст. O Mobile худро «оператори алоқаи мардумӣ бо нархҳои дастрас» номида, бо шиори «Оmobile – барои муошират бо хешовандон!» вориди бозор мешавад.
«OMobile– ин оператори алоқаи мардумӣ ва дастрас аст. Оператор ҷадвали тарофаҳои "Офарин"-ро барои зангҳо (тамос) ва истифодаи Интернет пешниҳод кард. Хусусияти фарқкунандаи онҳо нархи дастрас аст: аз 5 то 15 сомонӣ», - гуфта мешавад дар изҳороте, ки дар сомонаи O Mobile нашр шуд.
Ширкат феълан 4 нақшаи тарофаҳояшро эълон кардааст, ки вобаста ба нархашон "Офарин5”, "Офарин 7,5”, "Офарин10” ва "Офарин 15” ном дода шудаанд. Се тарофаи аввал барои 7 рӯз, вале ахирӣ барои як моҳ буда, дар ивази 15 сомонӣ ба муштарӣ 250 дақиқа занги бепул дар дохили шабака, 15 паёмаки бепулро пешниҳод мекунад. Нархи як дақиқаи занг ба операторҳои дигар дар ин тарофа 12 дирам аст.
Бино ба иттилои манобеи сомонаи "Ахбор”, феълан дар саросари ҷумҳурӣ сохтусози шуъбаҳо ва марказҳои дилерии O Mobile идома дорад.
Дар бораи моликони ин ширкат дар сомонаи расмиаш чизе гуфта нашудааст, вале бино ба иттилои тасдиқношуда, дар пушти O Mobile ширкати «Ошно-Групп»-и фарзандони Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон истодаанд.
Феълан дар Тоҷикистон 4 оператори алоқаи мобилӣ фаъолият доранд: «Вавилон», «Мегафон», «Beeline” ва Tcell. Чанд сол пеш дар Тоҷикистон 7 оператори алоқаи мобилӣ фаъолият мекард.

O Mobile– ин оператори алоқаи мардумӣ ва дастрас аст. Оператор ҷадвали тарофаҳои "Офарин"-ро барои зангҳо (тамос) ва истифодаи Интернет пешниҳод кард. Хусусияти фарқкунандаи онҳо нархи дастрас аст: аз 5 то 15 сомонӣ.

Дар рӯзҳои наздик мо дар шаҳрҳои бузург шабакаи марказҳои хизматрасониро ифтитоҳ менамоем ва шабакаҳои фурӯшичаканаи худро дар минтақаҳо тавсеа мебахшем.

Барои
O Mobile, ҳамчун бренд, ангезаҳо ва манфиатҳои асосии кор «мардумӣ» будан, наздикӣ ба корбарон, ғамхорӣ ба муштариён ва дарки ниёзҳои онҳо хоҳад буд. O Mobile набзи бозорро дарк мекунад ва ба талаботҳои бозор саривақту оқилона таваҷҷӯҳ менамояд.Оmobile – барои муошират бо хешовандон!

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.