расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: СЕЛ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ 20 ХОНА ВА ҚАРИБ 40 ҲАВЛИРО ПУР АЗ ЛОЙҚА КАРДААСТ

Асосӣ / Ҷомеа

АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: СЕЛ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ 20 ХОНА ВА ҚАРИБ 40 ҲАВЛИРО ПУР АЗ ЛОЙҚА КАРДААСТ

АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: СЕЛ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ 20 ХОНА ВА ҚАРИБ 40 ҲАВЛИРО ПУР АЗ ЛОЙҚА КАРДААСТ
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 29 январи соли 2024, тахминан соати 01:40 бар асари боронҳои шадид сел ба хонаҳои истиқоматӣ ва заминҳои наздиҳавлигии сокинони деҳаҳои “10-солагии Ваҳдат” ва Кабут Сайфутдинови ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ ворид шуда, қисман зарар расондааст.  Аз ҷумла дар деҳаи “10-солагии Ваҳдат” сел 8 хонаи истиқоматӣ ва 3 замини наздиҳавлигии сокинонро аз лойқа пур кардааст. Дар ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов, деҳаи Пахтакор аз селроҳаи Шӯраксой сел омада, ба 10 хонаи истиқоматӣ ва 33 замини наздиҳавлигӣ, дар маҷмуъ ба 36,6 га заминҳои хоҷагии деҳқонӣ обу лойқа даромада, қисман зарар расонидааст. Ҳамчунин дар ҷамоати деҳоти Озодагон, деҳаи Отчопар сатҳи канали Келенчӣ-2 баланд гардида, оби канал ба 2 хонаи истиқоматӣ ва маҳаллаи  Қушқия ба 6 хонаи истиқоматӣ ва 2 замини наздиҳавлигии шаҳрвандон обу лойқа ворид карда, қисман зарар расонидааст.  Гуфта мешавад, дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда фаъолият дорад ва ҳаҷми зарари расида ва ёриҳои эҳтимолӣ ба зарардидагонро мушаххас мекунад. Кумита гуфт, хушбахтона, ин офатҳои табиӣ  талафоти ҷониву хисороти дигар надоштанд.  
Бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, то 4-уми феврали соли равон дар саросари кишвар ҳавои номусоид ва хатари омадани селҳову лағзиши тарма ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо боқӣ мемонад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.