расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДЕМОКРАТИЯ - АДО? ТАЪҚИБИ ГУСТАРДАИ ЖУРНАЛИСТОН ДАР ҚИРҒИЗИСТОН АЛОМАТИ ЧИСТ?

Асосӣ / Ҷаҳон

ДЕМОКРАТИЯ - АДО? ТАЪҚИБИ ГУСТАРДАИ ЖУРНАЛИСТОН ДАР ҚИРҒИЗИСТОН АЛОМАТИ ЧИСТ?

ДЕМОКРАТИЯ - АДО? ТАЪҚИБИ ГУСТАРДАИ ЖУРНАЛИСТОН ДАР ҚИРҒИЗИСТОН АЛОМАТИ ЧИСТ?
Мақомоти Қирғизистон, ки дар гузашта "ҷазираи озодӣ" дар Осиёи Миёна ва ягона кишвари нисбатан озод дар ин минтақа шуморида мешуд, дар рӯзҳои охир даст ба боздошти густурдаи рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ задааст. Аз ҷумла рӯзи 15-уми январи соли 2024 кормандони Кумитаи давлатии амнияти  миллии Қирғизистон ба дафтари хабаргузории ғайридавлатии "24.kg" юриш бурда, қароргоҳи ин расонаи мустақилро кофтуков карда, компютерҳо ва дигар техникаҳои кории кормандонашро мусодира kaрданд. Баъдан "24.kg" хабар дод, ки КДАМ инчунин ҳамаи кормандони дар вақти тафтиш дар макони корӣ бударо номнавис намуда, телефонҳои ҳамроҳи онҳро низ мусодира намуда, онҳоро аз дафтарашон рондаанд ва ба дари дафтар ба муддати номуайян мӯҳр задаанд.
Ҳамагӣ пас аз як рӯз и вазорати корҳои дохилии Қирғизистон тарҳҳои "Temirov LIVE" ва "Айт Айт Десе"-ро ҳадаф гирифт. Болот Темиров (Пӯлод Темуров), рӯзноманигори таҳқиқгар, ки аз асосгузорони ин ҳарду тарҳ  acт,  рӯзи 16-уми январи соли 2024 хабар дод, ки кормандони пулиси Қирғизистон хонаи  ҳудуди 10 рӯзноманигори мустақилро кофтукоб карда, баъзеи онҳоро бо худ ба ВКД бурдаанд. Doдгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ҳамаи кормандон, собиқ ва кунунии боздоштшудаи тарҳи "Temirov LIVE"-ро то 13-уми марти соли 2024  ба ҳабс гирифт ва дафтари кори онҳоро низ мӯҳр зад. 
Пас аз мавҷи боздошти рӯзноманигорон дар Қирғизистон чандин созмони байналмилалӣ хостори озодии рӯзноманигорон дар Қирғизистон ва поёни таъқибот алайҳи онҳо шуданд. Kумитаи ҳуқуқи инсони СММ аз ҳукумати Қирғизистон хостааст, то дар кишвар озодии баёнро таъмин карда, даст аз сари рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ бардорад. Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва Британия Кабир низ аз ҳукумати Қирғизистон хостаанд, то фишору таъқибро алайҳи рӯзноманигорон қатъ кунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.