расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ГИРЕДУ ҲАМРОҲ КУНЕД!” ДАЪВАТИ ПРИЛЕПИН БА ҒАСБИ КИШВАРҲОИ МУҲОҶИРФИРИСТ ХАШМИ ТОШКАНДРО ОВАРД. ДУШАНБЕ ҲАНӮЗ ХОМӮШ АСТ

Асосӣ / Муҳоҷир

ГИРЕДУ ҲАМРОҲ КУНЕД!” ДАЪВАТИ ПРИЛЕПИН БА ҒАСБИ КИШВАРҲОИ МУҲОҶИРФИРИСТ ХАШМИ ТОШКАНДРО ОВАРД. ДУШАНБЕ ҲАНӮЗ ХОМӮШ АСТ

ГИРЕДУ ҲАМРОҲ КУНЕД!” ДАЪВАТИ ПРИЛЕПИН БА ҒАСБИ КИШВАРҲОИ МУҲОҶИРФИРИСТ ХАШМИ ТОШКАНДРО ОВАРД. ДУШАНБЕ ҲАНӮЗ ХОМӮШ АСТ
Рӯзи 21 декабри соли 2023 сафири Русия дар Тошканд Олег Малгиновро ба сабаби изҳороти мубаллиғи Путин ва ҷанги Украина ва “нависанда” Захар Прилепин ба вазорати хориҷаи Ӯзбекистон даъват карданд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон то ҳол ба ин изҳорот вокуниш накардааст, вале дар Тошканд суханони Прилепинро таҳдиди ҷиддӣ ба истиқлол ва якпорчагии Ӯзбекистон мешуморанд.
Прилепин рӯзи 20 декабр дар ҷаласаи “Шӯрои муттаҳидаи фармондеҳони сохторҳои Захар Прилепин” ва аъзои ҳизби “Русияи боадолат – Барои ҳақиқат” гуфт: “Ман самимона тарафдори онам, ки сарзаминҳое, ки аз он ҷойҳо муҳоҷирони корӣ (ба Русия) меоянд, ҳамту гиранду ҳамроҳ кунанд ва ба онҳо дар ҷояш забони русиро биомӯзонанд”. Прилепин, ки дар баробари сиёсатмадори миллатгаро ва махсусан тоҷикбадбини рус Сергей Миронов ҳамраиси ҳизби “Русияи боадолат – Барои ҳақиқат” аст, афзуд, ки “шӯхӣ намекунад” ва “масъалаи бекор кардани санадҳои марбут ба фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравиро дар оянда низ хоҳад бардошт”.
“Баъди парад дар Киев дигар кӣ метавонад моро аз анҷоми корҳои муфид дар қаламрави АвроОсиё манъ кунад?” – изҳор дошт Прилепин ва аҳли толор ин суханони ӯро бо чаппакзанӣ истиқбол гирифтанд. Албатта, суол ин ҷост, ки оё зӯри Русия барои ғасби Киев ва гузарондани парад дар пойтахти Украина мерасад ё на?
Бино ба иттилои расмии вазорати хориҷаи Ӯзбекистон, “дар ҷараёни мулоқот ба самъи намояндаи Русия ба шакли усулӣ расонида шуд, ки ...чунин суханони ноандешидаи раҳбарони ҳизбии кишвари дӯсте, чун Русия, бо камоли таассуф, ҷавобгӯи ҳавои мушорикати стратегӣ ва иттифоқчигӣ байни Ӯзбекистону Русия нест”.  “Чунин баёнияҳо, ки дар айни замон дар матбуоти Русия ба таври густарда паҳн карда шуданд, табиати иғвогарона дошта, метавонанд ба равобити пойдори таърихан дӯстона байни халқҳои мо таъсири манфӣ бирасонанд”, - таъкид кардаанд дар идораи сиёсати хориҷии Ӯзбекистон.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.