расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Дастгир гардидани Қудратуллозода Фирдавс вобаста ба ҳолати лату кӯби ноболиғ

Асосӣ / Ҷомеа

Дастгир гардидани Қудратуллозода Фирдавс вобаста ба ҳолати лату кӯби ноболиғ

Дастгир гардидани Қудратуллозода Фирдавс
вобаста ба ҳолати лату кӯби ноболиғ 
2-юми декабри соли 2023, дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе пайдо гардид, ки шахси ношиносе писарбачаи ноболиғро тариқи таҷҳизоти барқӣ (электрошокер) шиканҷа ва лату кӯб менамояд.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия вобаста ба ин ҳодиса Қудратуллозода Фирдавс Қудратулло, соли таваллудаш 2005, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Биниҳисорак-75/2, дастгир гардид.
Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки писарбачаи ноболиғ Ҷалолов Асрор Қурбонович, соли таваллудаш 2008, истиқоматкунандаи ноҳияи И.Сомонӣ буда, бинобар сабаби он, ки қаблан дар назди дӯстонаш чанд маротиба шаҳрванд Қудратуллозода Фирдавсро дашномҳои қабеҳ додааст, номбурда ӯро дар назди мактаби миёнаи умумии № 70 интизор мешавад.
Сипас, ӯро барои суҳбат ба болои боми биноҳои “Қайроққум”-и пойтахт даъват намудааст, ки дар онҷо байни онҳо муноқишаи лафзӣ ба амал омада, дар натиҷа шаҳрванд Қудратуллозода Фирдавс ноболиғ Ҷалолов Асрорро латукӯб намуда, чанд маротиба бо таҷҳизоти барқӣ (электрошокер) ба баданаш задааст.
Вобаста ба ин ҳодиса аз ҷониби кормандони милитсия барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, санҷиш идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.