расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҲАЛОКАТИ 6 НАФАР ДАР 6 САДАМАИ ДУ РӮЗИ АВВАЛИ ДЕКАБР ДАР РОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН

Асосӣ / Ҷомеа

ҲАЛОКАТИ 6 НАФАР ДАР 6 САДАМАИ ДУ РӮЗИ АВВАЛИ ДЕКАБР ДАР РОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҲАЛОКАТИ 6 НАФАР ДАР 6 САДАМАИ ДУ РӮЗИ АВВАЛИ ДЕКАБР ДАР РОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки тайи ду рӯзи аввали моҳи декабр дар 6 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 6 нафар ба ҳалокат расида, 6 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. 
Аз ҷумла cубҳи 2-юми декабри соли 2023, тахминан соати 06:30, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Спринтер», Абдураҳмонов Мирзоҷон Расулович, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Хуҷамбердиеви ноҳияи Ашт, ба самти муқобили роҳ баромада ба мошини тамғаи «ВАЗ-2106», таҳти идораи ронанда Мадиматов Ҳаит Машраббоевич, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи мазкур, бархӯрдааст.  Дар натиҷа, ронандаи «ВАЗ-2106» ва 2 мусофири мошини мазкур ва ронандаи «Мерседес-Бенс» ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаридаанд. Мусофири дигари мошини тамғаи «ВАЗ-2106» Ҳайдаров Муҳаммад Насибалиевич, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Ашт, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Боз ҳам субҳи 2-юми декабри соли 2023, тахминан соати 09:20, ронандаи мошини тамғаи «Фолксваген», Нигматов Сайчо Саъдуллоевич, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи М.Маҳмадалиеви шаҳри Душанбе, аз самти кӯчаи Кари-Ман, ба самти кӯчаи Қаҳҳоров, дар кӯчаи А.Наҷмидинов бо сабабҳои номаълум аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девор бархӯрдааст. Дар натиҷа, мусофири хурдсол Сафияи Шоҳзода, соли таваллудаш 2023, сокини пойтахт, ки дар дасти модараш қарор дошт, бо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби худи ронанда ба беморхона дастрас ва бистарӣ гардидааст, вале баъди 30 дақиқа дар беморхона ба ҳалокат расидааст...

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.