расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОЗ ҲАМ БО ҲАМОН МОДДАИ 307: БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР МЕТРОИ ПЕТЕРБУРГ

Асосӣ / Муҳоҷир

БОЗ ҲАМ БО ҲАМОН МОДДАИ 307: БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР МЕТРОИ ПЕТЕРБУРГ

БОЗ ҲАМ БО ҲАМОН МОДДАИ 307: БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР МЕТРОИ ПЕТЕРБУРГ
Рӯзи 2 декабри соли 2023  кормандони пулиси метрои шаҳри Санкт-Петербурги Русия, ки дар истгоҳи метрои “Ломоносовская” навбатдорӣ мекарданд, ҳангоми тафтиши асноди як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон муайян кардаанд, ки ӯ бо дархости мақомоти Тоҷикистон таҳти ҷустуҷӯи федералӣ қарор дода шудааст. Дар Тоҷикистон ба зидди ин ҷавони тоҷик бар асоси моддаи машҳури 307, иловаи 1, қисми дуюм бо иттиҳоми даъватҳои экстремистӣ ё сафед кардани экстремизм тавассути матбуот ё Интернет парвандаи ҷиноятӣ кушода будаанд. Кормандони пулис ҷавони тоҷикро дастгир карда, ба шуъбаи пулиси №10 дар ноҳияи Нева бурдаанд ва дар онҷо ӯро ба ҳабс гирифта, дар СИЗО ҷой кардаанд. То замони баррасии парвандаи истирдодаш ин ҷавони тоҷик пушти панҷара боқӣ мемонад.
Тафсилоти парвандаи ин ҷавони дар метрои Петербург бадастафтода дастрас нест ва маълум нест, ки ӯро дар Тоҷикистон мушаххасан ба чӣ айбдор мекунанд? Оё ӯ дар воқеъ узви ягон гуруҳи ифротӣ буд ваё мисли даҳҳо мавриди дигари ҳамсон ӯ ҳам барои ягон шарҳ ё лайк гузоштан дар зери видеоҳои мухолифин таҳти таъқиб қарор гирифтааст?
Ба ин ҷавон дар Тоҷикистон бар асоси қисми дуюми моддаи 307, иловаи 1 ҳамчун ҷазо аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Моддаи 307, ки дар солҳои охир 4 “бача” кард, яъне 4 иловаи дигар ба он афзуда шуд, нафақат барои таъқиби пайравони гуруҳҳои дар ҳақиқат ифротӣ ва пешгирӣ аз ифротгароӣ, балки дар солҳои охир бештар барои таъқиби мунтақидон ва мухолифони ҳукумати кунунӣ истифода мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.