расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАСТУ ПОЙҲОЯШ ЗАВЛОНАПЕЧ: НАХУСТИН АКСИ “ДИЛШОДИ КРАСАВЧИК” БАЪДИ БОЗДОШТ

Асосӣ / Ҷомеа

ДАСТУ ПОЙҲОЯШ ЗАВЛОНАПЕЧ: НАХУСТИН АКСИ “ДИЛШОДИ КРАСАВЧИК” БАЪДИ БОЗДОШТ

ДАСТУ ПОЙҲОЯШ ЗАВЛОНАПЕЧ: НАХУСТИН АКСИ “ДИЛШОДИ КРАСАВЧИК” БАЪДИ БОЗДОШТ
Мақомоти Маскаву Душанбе то кунун хабари аз Русия ба Тоҷикистон овардани Дилшод Саидмуродов, маъруф бо лақабҳои “Дилшоди Красавчик” ва “Дилшоди СБ”, муттаҳами асосӣ дар парвандаи рабудан ва қатли муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоевро тасдиқ ё рад накардаанд ва ягон шарҳ ҳам надодаанд, вале дурустии ин хабарро торафт манобеи нав ба нав тасдиқ карда истодаанд. 
Шоми 10 октябри соли 2023 ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аксеро фиристоданд, ки гуфта мешавад, дар он “Дилшоди Красавчик” баъди боздошташ сабт шудааст. Кай ва дар куҷо гирифта шудани ин акс маълум нест, вале дар акс нафари монанд ба “Дилшоди Красавчик” бо  риши дароз дида мешавад, ки дар танаш футболкаву шалвори навъи бриҷ ва дар пойҳояш пойпӯши сабуки навъи “слантси” дорад ва ҳам ба дастонаш ва ҳам ба пойҳояш завлона задаанд. Манбаи “Бомдод” гуфт, сабаби чунин либоси сабук дар тан доштани “Дилшоди Красавчик” ин аст, ки мақомоти вижаи Русия ӯро дар ҷои хобаш дастгир карда, бидуни онки ба ӯ ҳатто маҷолу имкони иваз кардани либосашро бидиҳанд, бардошта оварда, ба мақомоти Тоҷикистон супурдаанд. Ҳамсуҳбати “Бомдод” гуфт, дар овардани “Дилшоди Красавчик” аз Русия яке аз нақшҳои асосиро додситони кул Юсуф Раҳмон ва идораи Додситонии кул бозӣ кардааст.
Дар асоси чӣ муомилае ба супурдани “Дилшоди Красавчик” розӣ шудани ҷониби Русия маълум нест. Маскав қаблан хоҳиши мақомоти баландпояи Тоҷикистонро дар мавриди боздошт ва истирдоди ӯ сарфи назар карда буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.