расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЛАТТУКӮБИ ЯК ХОНАНДА АЗ ҶОНИБИ МУАЛЛИМ ДАР ЯК МАКТАБИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ

Асосӣ / Ҷомеа

ЛАТТУКӮБИ ЯК ХОНАНДА АЗ ҶОНИБИ МУАЛЛИМ ДАР ЯК МАКТАБИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ЛАТТУКӮБИ ЯК ХОНАНДА АЗ ҶОНИБИ МУАЛЛИМ ДАР ЯК МАКТАБИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи 5 октябри соли 2023 видеои кӯтоҳе нашр шуд, ки дар он бо нашри аксҳои зиёди осори латтукӯб дар бадани як ноболиғ иддао карда мешавад, ки як муаллим дар ноҳияи Рӯдакӣ як хонандаро ба чунин шеваи бераҳмона задааст.
Бино ба иддаои муаллифи сабт, ин бадрафториро муаллими мактаби миёнаи №50-и деҳаи Шайхон Саидов Иброҳим Қудбиддинович нисбат ба Ҷовид Усмоналиев, хонандаи синфе, ки раҳбараш буд, раво дидааст.
“Дар санаи 27 сентябри соли 2023, тахминан соати 13:20, дар муассисаи №50 ноҳияи Рӯдакӣ манро роҳбари синфамон Саидов Иброҳим Қудбиддинович онандаи синферо, ки Саидов раҳбараш буд, дашном дода, латтукӯб кард ва бо сим якчанд маротиба ба пойҳоям зад ва дар тахтапуштам бо сим зада, ситам дод”, - навишта шудааст дар сабт аз номи Ҷовид Усмоналиев.
Муаллиф ҳамчунин далели бераҳмона латтукӯб шудани хонанда аксҳои бадани хонандаро ҳам овардааст, ки дар он дар ноҳияи тахтапушт ва пушти пойҳояш осори латтукӯб дида мешавад.
То ин лаҳза масъулони вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, идораи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ ва роҳбарияти мактаби №50-и деҳаи Шайхон ба видеои нашршуда вокуниш накардаанд ва онро шарҳ надодаанд. Муаллим Иброҳим Саидов, ки ба латтукӯби шогирдаш айбдор мешавад, низ то кунун ин иддаоро шарҳ надодааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.