расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАРГУЗАШТИ АДАБИЁТШИНОСИ ШИНОХТА МУРТАЗО ЗАЙНИДДИНЗОДА

Асосӣ / Сиёсат / Ҷомеа

ДАРГУЗАШТИ АДАБИЁТШИНОСИ ШИНОХТА МУРТАЗО ЗАЙНИДДИНЗОДА

ДАРГУЗАШТИ АДАБИЁТШИНОСИ ШИНОХТА МУРТАЗО ЗАЙНИДДИНЗОДА
Қалби устоди донишгоҳи миллии Тоҷикистон, адабиётшиноси варзида, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ Муртазо Зайниддинзода шоми 5 сентябри соли 2023 дар синни 64 аз тапидан бозмонд.  Маросими намози ҷанозаи Муртазо Зайниддинзода рӯзи 6 октябр, соати 13 пеш аз намози ҷумъа дар зодгоҳаш - деҳаи Ворухи Исфара баргузор мешавад. 
Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва садорати риштаи филология ва иттифоқҳои касабаи ин донишгоҳ  дар номаи таслияти худ Муртазо Зайниддинзодаро “яке аз устодону олимони барҷастаи Донишгоҳи миллӣ” ном бурда, ба пайвандону азизони марҳум сабри ҷамил хостаанд.
Дар бораи иллати марги адабиётшиноси шинохта дар номаи таслияти Донишгоҳи миллӣ чизе гуфта нашудааст, вале ба гуфтаи ҳамкоронаш, чанд рӯзи охир аз беморӣ ранҷ мекашид ва ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз маргаш аз ректори донигоҳ Қобилҷон Хушвақтзода ҳам хоҳиш карда буд, то лифти бинои риштаи филологияро тармим кунанд, чунки устодони кӯҳансол баромадан то қабти панҷуми бино мушкилӣ мекашанд. Ин охирин хоҳиши Муртазо Зайниддинзода буд...
 Муртазо Зайниддинзода (Зайнидинов Муртазо (Мухтадо) 3-юми декабри соли 1958 дар деҳаи Ворухи ноҳияи Исфараи вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) ба дунё омадааст. Ӯ соли 1981 факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва соли 1987 аспирантураи ин донишгоҳро хатм карда, рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Робитаҳои адабии халқҳои тоҷику тотор дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX» дифоъ намудааст. Аз марҳум чанд китоб, аз ҷумла «Машъалафрӯз» (1995), «Раҳнамои накӯиҳо» (1998), «Фонуси ёдҳо» (1998), «Қайюм Носирӣ. Абӯалӣ Сино» (2008), «Адабиёти ҷаҳон» (2001), «Тафсири Ҳусайнӣ. Сураи Юсуф» (2004), бо ҳаммуалифӣ «Таърихи адабиёти хориҷӣ» (2005), «Ёде аз бузургон» (2010), «Таърихи адабиёти хориҷӣ» (2015), «Пайванди халқҳо ва тамаддунҳо» (2016) ба ёдгор монд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.