расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » “Бузро аз пои худаш, гӯсфандро аз пои худ”. Чаро тағйири дин набояд низоангез бошад?

Асосӣ / Ҷомеа

“Бузро аз пои худаш, гӯсфандро аз пои худ”. Чаро тағйири дин набояд низоангез бошад?

“Бузро аз пои худаш, гӯсфандро аз пои худ”. Чаро тағйири дин набояд низоангез бошад?
Чандин солҳо пеш дар Душанбе як ҳамватанамон, ки ҳоло дар Аврупо ба сар мебарад, агар дар дасти ман сигорро медид, гоҳо ба шӯхӣ, аммо баъзан хеле ҷиддӣ мегуфт: “Кай мусулмон мешавӣ?”
Он замон воқеан аз сигоркашҳои ашаддӣ будам. Албатта ба ин нафар посухи муносиб медодам, аммо барои ман ин гуна мавқеъгирии ӯ, ки худро аз ҷумлаи диндорони сахт ва дар навбати худ, мухлисони навиштаҳоям медонист, нороҳаткунанда менамуд.
Иттифоқан ин одамро солҳо пас дар яке аз кишварҳои аврупоӣ вохӯрдам, ки он ҷо мақоми паноҳандагиро соҳиб шудааст. Боз ҳам дар дастам сигор доштам, вале ӯ ҳеҷ гуна вокуниши бад намекард. Гуфтам шояд ба хотири меҳмон будани мову солҳо вонахӯрданамон “бархӯрди нарм” дорад. Вақте дертар ба ҳамроҳаш ин фикрамро иброз доштам, гуфт албатта ин меъёр ҳам метавонад ҷо дошта бошад, вале таъкид кард асли масъала дигар аст: “Тақрибан дар ҳар кӯчаи шаҳрҳои аврупоӣ на танҳо масҷидҳои мухталифи исломӣ, балки ибодатхонаи динҳои дигар ҳам ҳаст. Ҳар касе ба хости худ ибодат мекунад, ё умуман намекунад. Касе ба касе кор надорад. Дар ин ҷо пурсидан дар мавриди ба кадом дин пайрав будани одамон беадабиву бефарҳангии комил дониста мешавад. Аз ин хотир, баҳсҳои байниҳамии намояндагони динҳоро тақрибан намебинед. Ин ҳама наметавонад ба мафкураи одамон, аз ҷумла ҳамин рафиқи мо бетаъсир монад”.
“150 ҳазор тоҷик дин дигар кардаанд”
Дар Тоҷикистон пас аз иқдомоти ҷиддии чанд соли ахири ҳукумат дар баробари бетоқативу таҳаммулнопазирии динии бархеҳо, гӯё мушкил боқӣ намонд. Он вақт ҳам аслан сухан дар бораи бархӯрдҳои лафзии равияҳои гуногуни исломӣ мерафт, ки воқеан имкон дошт ихтилофи доманадору хавфнокро ба миён орад.
Баҳсу баррасиҳоро бо намояндагони динҳои дигар тақрибан ба хотир надоштем. Агар чизе дар ёдҳо ҳаст, ба аввали солҳои 2000 –ум ва замони нобасомониҳо рост меомад: тарконидани як маъбади марбут ба калисои масеҳии “Сон-Мин” дар Душанбе, куштори Рӯдакии Самадӣ, ки худро роҳбари зардуштиёни Тоҷикистон эълон карда буд дар маркази пойтахт ва соли 2004 дар шаҳри Исфара қатли роҳиби баптист Сергей Бессараб аз ҷониби пайравони гурӯҳи тундрав.
Ҳоло бошад  дар Тоҷикистон ибодатгоҳи яҳудиён, пайравони ҷараёни масеҳии “Сонмин” ва дигар дину мазҳабҳоро дидан мумкин аст, ки дар маҳалҳои сукунати мусулмонон бунёд ёфтааанд. Пайравони динҳои ғайр аз муносибати мусулмонони Тоҷикистон нисбати онҳо шикоят надоранд. Аммо фоҷиаи ҳалокати Парвиз Давлатбеков бо либоси “Бобои барфӣ” дар шаби соли нави соли 2012 номи Тоҷикистонро ба сархати хабарҳо бурд. Ҳарчанд мақомот баъдан эълон карданд, ки ин ҳодиса ҷанбаи мазҳабӣ ва маҳаллӣ надорад, дар баррасиҳо сухан аз ҷумла дар боби тундрав шудани ҷомеаи Тоҷикистон низ мерафт. Куштори сайёҳони хориҷӣ дар моҳи июли соли 2018 дар ноҳияи Данғара метавонист намунаи нисбатан ҷиддии таҳаммулнопазирии динӣ маънӣ гирад. Ҳарчанд баъдан исбот гашт, ки ин амали террористиро ҷонибдорони ДОИШ бо ҳадафҳои мушаххас анҷом додаанд.
Таи чандсолаи ахир дар заминаи таҳаммулнопазирии динии тоҷикистониён хабари дигаре набуд. Аммо хабари худро зардуштӣ эълон кардани журналист ва китобдори шинохта Абдуқодир Талбаков ин мавзӯъро дубора доғ намуд.
“Маро дар кӯча ва махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ ҳақорати бисёр карданд. Ронандае “мошини маро ҳаром накун” гуфта, маро савор накард. Таҳдид ба ману аҳли хонаводаам сар шуд”, - мегӯяд Талбаков.
Таҳлилгарон мегӯянд, фақат бо ин далел ҷомеаи Тоҷикистонро таҳаммулнопазир гуфтан дуруст нест, чун ин гуна ҳолатҳои ҷудогона дар ҳама ҷомеаҳо рух доданаш мумкин. Онҳо аз ҳодисаҳои рухдода нисбати уйғурҳои Чин, куштани рӯҳониёни масеҳӣ дар Чад, ки ба аёдати як мусалмони ба дини насронӣ гаравида омада буданд, тирпаронии афроди нажодпараст дар ибодатгоҳи сикхҳо дар иёлати Висконсини ИМА ва ғайраҳо мисол меоранд ва мегӯянд, ҳолатҳои аз ин фоҷиавитар дар ҷомеаҳои аз мо бамаротиб пешрафта ҷо дорад.
Воқеан, чанд сол пеш дар натиҷаи як пажӯҳиш Маркази таҳқиқотии амрикоии Pew Research Center далелҳои таъқиб аз рӯи мансубият ба дину мазҳабҳро дар 185 кишвари олам ошкор кард. Маълум шуд, ки аз ҳама бештар насрониҳо – дар 151 кишвар ва баъдан мусалмонҳо – дар 135 давлат мавриди таъқибу фишор қарор доштанд. Яҳудиҳоро дар 95 кишвари олам хуш надоштанд. Пайравони дигар адёнро дар 77 кишвари олам таъқиб кардаанд.
Як назарсанҷии мо дар гурӯҳи “Ахбор барои афкор” –и Фейсбук ҳам мавқеъгириҳои мухталифро дар Тоҷикистон нисбат ба одамоне маълум кард, ки дини худро иваз мекунанд. Дар ин гуна баҳсҳо одамон то андозае таҳмаммулпазир ба назар мерасанд, ва ин метавонад ду сабаб дошта бошад: тарс аз ибрози андешаи воқеӣ (роиҷ набудани ибрози  назар дар ин мавзӯъ) ё қавӣ шудани таҳаммулпазирӣ (дар пайи сарусадои ахири марбут ба қазияи Абдуқодир Талбаков).
Ин дар ҳоле, ки андаке тундрав шудани бархеҳо дар Тоҷикистон пас аз соли 2014, замони таблиғи густурдаи гурӯҳҳои ифротӣ миёни шаҳрвандони кишвар, ба вижа миёни муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия эҳсосшаванда будааст. Таҳлилгарон ишора намуданд, ки дар Тоҷикистони пас аз ҷанги шаҳрвандӣ вожаи “муртад” маҳз ин давра серистеъмол гардид. Муртад - аз дин баргашта аст.
Маълумоти аниқ дар бораи теъдоди нафарони дини худро ивазкарда дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Аммо чанд сол пеш раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар як нишаст бо имомхатибони вилояти Хатлон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки 150 ҳазор тоҷик пайрави динҳои дигар шудаанд, ки  чунин раванд ҳатто дар даврони шӯравӣ мушоҳида намешуд. Аксаран масеҳӣ шудаанд ва онро пинҳон медоранд.
Дар бархе аз кишварҳои исломӣ, аз ҷумла, дар Эрон, Афғонистон ва Покистон барои афроди муртад ҳукми эъдом муқаррар шудааст.
Аммо муҳаққиқон ошкор кардаанд, ки фақат ислом чунин шарти сахт надорад. “Дар “Таврот” ё “Библия” гуфта шудааст, “агар туро бародарат, писарат, хоҳарат ё ҳамсарат дар манзили худат пинҳонӣ ташвиқ кунанд, ки “биё ба худоҳои дигаре саҷда кунем, ки туву падарат онҳоро намешиносӣ, ба худоҳои мардуме, ки дар атрофи ту, дар наздикиҳои ту ё дур аз туянд, розӣ нашав ва ба ҳарфаш гӯш надеҳ, ба ӯ раҳм нанамо ва ӯро пинҳон накун, вале ӯро бикӯш. Ӯро то мурданаш сангборон кун, зеро ӯ мехост туро аз Худоят ҷудо созад..." навиштаанд онҳо.
Чаро динашонро дигар мекунанд?
Худи Абдуқодир Талбаков мегӯяд, пас аз омӯзиши зиёд ба хулосае расидааст, ки ба дини ниёгон гаравад. Таҳлилгарон сабабҳои дигари пайвастани одамон ба динҳои дигарро ошкор кардаанд. Аз ҷумла:
- Фикр мекунанд, акнун дини беҳтаре ёфтаанд;
- Ин ё он динро бегона, қафомонда, дар ҳоли рукуд меҳисобанд ва аз он канор мераванд;
- Ба пул ё сарват дода мешаванд;
- Шӯҳратталабӣ, яъне бо иваз кардани масъалаи муҳиме чун дин, чанд муддат дар сархати расонаҳо қарор мегиранд;
- Издивоҷ, хоса аз ҷониби бонувони ғайримусалмоне, ки ба мусулмон хонадор мешаванд;
- Ахлоқи ҳамидаи мусулмонҳо боис мешавад ба он дигарон пайванданд;
- Кам будан ё набудани таълимоти ин ё он дин;
Валерия Порохова, донишманди маъруфи рус ва мутарҷими Қуръони Шариф ба забони русӣ, ба расонаҳои хабарӣ гуфта буд, ки неофизм ё гаравидан ба динҳои дигар солҳои ахир ба як амри маъмулӣ табдил шудааст.
“Бар пояи оморҳо, бештар масеҳиҳо ба дини ислом мепайванданд, ҳарчанд ҳодисаҳое чун пазируфтани дини насронӣ аз сӯи мусалмонҳо ҳам кам нест. Одамони гуногун аз роҳҳои гуногун дар ин бора тасмим мегиранд. Агар шахси варзида ва соҳиби маълумоти воло ба дини дигар мегаравад, ин маънои онро дорад, ки ӯ, ба истилоҳ “тарафи дигари Моҳ”-ро кашф кардааст. Ин гуна одамон зиёд меомӯзанд, динҳоро қиёс мекунанд ва мебинанд, ки ин дин барояш бештар писанд аст. Одами маъмулӣ дини худро дар сурате иваз мекунад, ки ин дин барояш хатар дошта бошад ё дар муҳити бегона ба як пора нону як ҷуръа об ниёз дошта бошад. Бигирем, ӯ дар кӯча қадам мезанад ва хуб медонад, ки чун сабзинаву мусалмон аст, одамони атроф метавонанд алайҳаш тавтеъа кунанд, зимнан, тавтеъа дар замони мо хело зиёд шудааст. Ва ӯ аз тарси тавтеъа, аз тарси он ки ӯро дар терроризм айбдор накунанд, шояд дини худро иваз мекунад”, - гуфтааст ӯ.
Аммо ба гуфтаи Валерия Порохова, дар Қуръон омадааст, ки агар шумо динатонро бо хоҳиши худ тарк кардаед, яъне, агар ягон сабаби ҷиддӣ дар миён набуду бигирем, шумо мехоҳед масеҳӣ шавед, ин муҷозоти хело сахт, ҳатто эъдомро ба думбол дорад.
“Агар чунин шароити рӯзгор пеш ояд, ки шуморо барои табдили дин маҷбур сохтанд, Аллоҳ шуморо мебахшад. Дар Қуръони Шариф навишта шудааст, агар шумо дини худро дар ҳоле табдил кардаед, ки дини шумо ба ҳаёти шумо, ба ҳаёти кӯдакони шумо, ба ҳаёти зан ё шавҳари шумо таҳдид мекунад, Аллоҳ шуморо мебахшад”,- гуфтааст ӯ.
Як масъалаи муҳим, ки вобаста ба одамони динашонро ивазкарда ё муносибату рафтори намояндагони динҳо нисбати ҳамдигар аст. Донишмандон мегӯянд дар Қуръон ба тавҳид ва яккапарастӣ таъкид шудааст ва аммо Худованд гуфтааст, ки шумо олиҳа ё ин ки худоҳои бутпарастҳоро, вақте онҳоро муқаддас мехонанд, таҳқир накунед. Ва ташреҳ шудааст, “вақте шумо ба онҳо тавҳин мекунед, онҳо ба шумо ҳамлаи бемисл мекунанд”.
Дар ҳамин ҳол, чанд соли ахир масоиле, ки боис ба бетоқатии мусулмонҳо мегардад, чанд масъала буд, ки дар кишварҳои ғарбӣ иттифоқ афтод. Аз ҷумла, карикатурҳои Паёмбари ислом дар нашрияҳои Дания, сӯзонидани Китоби Муқаддаси мусулмонҳо аз ҷониби намояндагони динҳои дигар.
Дар Тоҷикистон низ ҳолатҳое буд, ки ба иззати нафси мусулмонҳо расид ва вокуниши сахтро ба миён овард. Аз ҷумла мақолаи Абдураҳмон Бобоев ном муаллиф дар нашрияи “Адабиёт ва санъат”, ки гуфт “Қуръон” бо китоби “Майн кампф”-и Ҳитлер монанд аст ва мардумро ба низову куштор даъват мекунад ё ин ки Паёмбарро бо Чингизхон қиёс карда буд. Албатта ин ҳолатҳо мусалмонҳои тоҷикро ба кӯчаву хиёбонҳо нарехт ва амалкарди хашин аз онҳо сар назад, аммо ба асаб, дину имони хелеҳо сахт расид.
Чанддинӣ хуб аст, ё якдинӣ?
Вақте сухан дар бораи таҳаммулпазирии динии одамон меравад, сабабҳои гуногуни кам будани он, ё набуди он оварда мешавад. Дар ток – шоуи “Азия – плюс”, ки дар ин робита ташкил карда буд, таҳлилгарон сабабҳои зеринро номбар карданд:
-Надоштани тафаккури интиқодӣ;
-Мушкили фарҳанги нодурусти бархӯрд бо чунин зуҳурот, ё бӯҳрони бархӯрд;
-Натиҷаи 70 соли ҳукумати динзудоии шӯравӣ;
-Дур шудан аз фарҳанги пешазисломии худ;
-Зиёд будани маҳдудиятҳо дар мо нисбат бо Ғарб;
-Якдина будани Осиёи Марказӣ.
Ҳар кадоме аз тезисҳои мазкур шарҳи алоҳидаро мехоҳанд, аммо сари нуктаи охир исти бештар мекунем. Бархе аз муҳаққиқон мегӯянд чанддинӣ дар Осиёи Марказӣ аслан пас аз истилои муғул барҳам хӯрд. Зимнан, дар Тоҷикистон ҳоло динҳое ҳастанд, ки намояндагонашон мегӯянд, таҷрибаи  беш аз садсолаи ҳамзистӣ доранд. Аз ҷумла, яҳудиҳо. Масеҳиён бошанд, собиқаи ҳамзистии худро беш аз ҳаштодсола меҳисобанд, ки бармехӯрад ба омадани русзабонҳо ба сарзамин.  Мазҳаби католикӣ дар Тоҷикистон пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ҳангоми муҳоҷирати иҷбории олмониҳо ва лаҳистониҳо дар кишвар намоянда пайдо кард (ҳудуди 3000 нафар), ки аксарашон пас аз фурӯпошии шӯравӣ ба ватани худ баргаштанд.
Зардуштияро дар Тоҷикистон қисмате аз мардум ҳамчун як ҷузъи таъриху фарҳанг медонанд. Пас аз қатли Рӯдакии Самадӣ зардуштиёни Тоҷикистон, ки шуморашонро он вақт на бештар аз 20 нафар мегуфтанд, нафари дигареро расман ба раҳбарии худ напазируфтаанд. Абдуқодир Талбаков, ки худро акнун раҳбари ғайрирасмии пайравони ин оин медонад, то ҳол натавонист онро дар Тоҷикистон сабти ном намояд. Аз ин рӯ шумораи феълии пайравонаш маълум нест. Кришнаитҳои Тоҷикистон низ чандон намоён набудаанд. Вале фаъолияти миссионерии Сонмин – Грейси куриёиҳо дар Душанберо боре радиои “Озодӣ” “назаррастар” унвон кард ва навишт: “Ин фирқаи мазҳабӣ бо таъсиси мактабу толори варзишӣ ва табобати ройгон мардум, бахусус, ҷавононро ба созмони худ тавонист то ҷое  ҷалб намояд”.
Дар маҷмӯъ тибқи маълумоти намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон Муслиҳиддин Хоҷамирзода ҳоло дар кишвар зиёда аз 4000 иттиҳодияҳои динӣ мавҷуд аст ва аз ин 65 тоаш ғайриисломист. Чанд сол пеш ин шумора 83 торо ташкил медод. Гуфта мешавад, иттиҳоди калисои масеҳиёни инҷилӣ-баптистӣ, калисои проваславии рус бо номи «Николский собор», маркази таблиғотии Сонмин ва калисои римӣ-католикӣ дар кишвар фаъолияти густурда ва пайравони бештар доранд.
Дар ин байн пешниҳодҳое буданд, ки бо назардошти фаъолияти таҷрибаи баъзеи кишварҳои пасошӯравӣ мамнӯъ кардани динҳои асоси таърихӣ надоштаро дар миён мегузоштанд.
Дар ҳоле ки қонунгузории Тоҷикистон, аз ҷумла банди 26 Қонуни асосии кишвар ва қонуни ҶТ “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ба ҳар кас ҳуқуқи озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба динро додааст.
Чӣ бояд кард?
Чанд рӯз пеш Абдуқодир Талбаков дар саҳифаи фейсбукии худ акси чанд ҷавонеро нашр карду навишт, ки онҳо ӯро бисёр дилпурона таҳқир мекарданду пас аз сӯҳбат бо мақомот “ба муши мурда табдил ёфтанд”. Пештар аз ин ӯ дар мусоҳибаҳояш гуфта буд, ду нафар бо ҷурми таҳдид ба ҷони ӯ боздошт шуда, муҷозот гардидаанд. Ҳоло, вақте аз ӯ дар бораи вазъи ҳозирааш суол кардем, мегӯяд бо чанд сабаб мардум нисбаташ таҳаммулпазир шудаанд. Аз ҷумла:
“Дар муддати беш аз як сол фаҳмонида тавонистам, ки зардуштия дини яккахудоии пешиниёни мост. Қисмати аъзам фаҳмиданд, ки ҳар кас ҷавоби худро медиҳад. Яъне бузро аз пои худ меовезанд, гӯсфандро аз пои худ. Дар аввал, чун таҳдидҳо зиёд шуд, мақомот саҳифаҳои иҷтимоии маро зери назорат гирифтанд ва бо ҳамин чанд нафар ифротӣ  ё фаҳмонида шуданд, ё муҷозот гардиданд. Ман ҳам ба мардум фаҳмонидам, ки тибқи моддаи 189 парванда шуданашон имкон дорад, чун зери назорат қарор дорам ва худатонро зери хатар набаред. Баъзеҳо, ки бозпурсӣ ва муҷозот шуданд, инро ба дигарон фаҳмониданд. Яъне ба баъзеҳо имонӣ бовар кунонидам, ки дар ҳукм хато мекунед, чун довар Худованд аст, баъзеи дигар аз тарси қонун”, - мегӯяд Абдуқодир Талбаков.
Албатта баҳсҳои пешомадаи вобаста ба таҳаммулнопазирии динӣ дар кишвари мо он қадар тунд набуданд, ки дар бархе кишварҳои дигар мебинем. Аз ҷумла, бархӯрд дар кишварҳои пешрафта. Аммо, он тавре Абдуқодир Талбаков мегӯяд, агар тадбирҳое андешида намешуд, шояд ба ҳолати баде ҳам гирифтор мешудем.
Чаро чунин баҳсҳо пеш меоянд? Як таҳлилгар дар посух ба ин саволи мо кӯтоҳ посух дод:
Ҳар андоза ҷомеа ва дар натиҷа давлат қавӣ шавад, ба ҳамон андоза масоили ҳамчунин заифтар мешавад. Инсон, табиатан дар ҳолати заъф рӯ ба масоили ночиз меорад, аз ҷумла ба таассуботи хом.
Субҳон Ҷалилов, ровии ток шоу “Рости гап” –и “Азия плюс” Қонуни Бобро дар миён гузошт:
“Агар Боб бо ҳама мушкил дорад, пас мушкили асосӣ худи Боб аст”.
Нафари дигаре аз иштирокчии дигари ин барнома бо ҳайрат пурсид:
“Чаро то баҳсҳои Абдуқодир Талбаков зардуштие дар Шӯрообод зиндагӣ мекарду анқариб ҳеҷ кас дар бораи ӯ намедонист? Мардум ҳам эҳтиромаш мекарданд”.
Коршинос Абдуллоҳи Раҳнамо, ки дар масоили динӣ ва таҳаммулгароӣ таҳқиқотҳои арзишманд анҷом додааст, дар робита ба ҳалли масъала назари хос дорад:
Яке аз василаҳои қавӣ кардани татаҳаммулпазирии динӣ ин тақвияти низоми давлатдории дунявӣ аст. Ин чунин маъно дорад, ки андешаи динӣ ҳаргиз ба баҳси сиёсӣ, зӯрозмоии сиёсӣ, муборизаи сиёсӣ табдил нашавад. Дунявият фазои сиёсиву ҷамъиятиро урфӣ ё инсонӣ ё шаҳрвандӣ нигоҳ медораду намегузорад ҷанги идеологӣ бархезад. Яъне механизми ҳифзи амнияту суботу таҳаммулпазирӣ аст. Дар сурати идомадор будани ин низом он ба фарҳангу маърифати сиёсӣ табдил меёбад. Инро набояд ҳамчун идеологияи зиддидинӣ фаҳмид. Дунявият шояд дар зеҳнҳо идеологӣ намояд, соддатар фаҳмонем манзур низоми инсониву шаҳрвандӣ аст. Яъне ба инсон ҳамчун инсон нигоҳ кардан, на ҳамчун мусалмону насрониву зардуштӣ ё дини дигар.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.