расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДУЗДИИ 4 САР ЧОРВО ДАР ВОСЕЪ ВА БОЗДОШТИ ЯК ЗАНИ ДУЗДИ КИСАБУР ДАР ПОЙТАХТ

Асосӣ / Ҷомеа

ДУЗДИИ 4 САР ЧОРВО ДАР ВОСЕЪ ВА БОЗДОШТИ ЯК ЗАНИ ДУЗДИ КИСАБУР ДАР ПОЙТАХТ

ДУЗДИИ 4 САР ЧОРВО ДАР ВОСЕЪ ВА БОЗДОШТИ ЯК ЗАНИ ДУЗДИ КИСАБУР ДАР ПОЙТАХТ
Ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ бо ариза марди 39-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ муроҷиат намудааст, ки 5-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 17:30-дақиқа, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқониаш, воқеъ дар ноҳияи Восеъ 4 сар чорвои калони шохдор ва 10 сар чорвои майдаи шохдорро дузида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 49 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ки пеш бо моддаҳои 237, 244 ва 252 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 32-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 14-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 05:00, ҳангоми дар маркази дилхӯшии “Шоми Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе қарор доштанаш, бо тариқи пинҳонӣ аз ҷайби марди 34-солаи сокини пойтахт ҳамёнашро, ки дар дохили он 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсун А34” ва 1 ҳазору 800 сомонӣ буд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.