расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҶАНОЗАИ ШУҲРАТ ИСМАТУЛЛОЕВРО РӮЗИ 30 АВГУСТ БА ХОК МЕСУПОРАНД

Асосӣ / Ҷомеа

ҶАНОЗАИ ШУҲРАТ ИСМАТУЛЛОЕВРО РӮЗИ 30 АВГУСТ БА ХОК МЕСУПОРАНД

ҶАНОЗАИ ШУҲРАТ ИСМАТУЛЛОЕВРО РӮЗИ 30 АВГУСТ БА ХОК МЕСУПОРАНД
Маросими намози ҷанозаи муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев рӯзи чоршанбе, 30 август, вақти намози пешин дар масҷиди Сариосиёи шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар ин бора дӯстони бонкдори марҳум дар Интернет хабар доданд. Дар бораи инки оё ӯро дар кадом оромгоҳи Душанбе ба хок месупоранд ваё барои дафн ба зодгоҳаш, шаҳри Кӯлоб мебаранд?, чизе гуфта нашудааст.
Шуҳрат Исматуллоев, ки 49 сол дошт, чандин соли охир муовини аввали раиси “Ориёнбонк” ва амалан дасти рости раиси ин бонк Ҳасан Асадуллозода буд. Ӯро одамрабоён шоми 23 июн аз назди хонааш дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 нафар ба мошини рангаш сиёҳи “Ҳюндай Соната” бор карда, ба як манзили аз пеш ба иҷора гирифтаашон ба деҳаи Шодоби ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб бурдаанд. Баъди 7 соати шиканҷа, соати сеи шаби 24 июн Исматуллоев ҷон дод. Одамрабоён ҷасади  ӯро ҳамроҳи мошин ба дарё партофта, ба ҳар тараф фирор карданд. Ҷасади аз сӯи одамрабоён ба дарёи Зарафшон партофтаи Шуҳрат Исматуллоевро баъди 50 рӯзи ҷустуҷӯҳо, рӯзи 12 август аз соҳили Зарафшон дар ҳудуди ҷамоати Саразми Панҷакент, дар наздикии марз бо Ӯзбекистон пайдо карданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.