расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ВОСЕЪ ВА ҶАЙҲУН ВА ҲАМСОЯАШРО БАРОИ ҚУБУРИ ОБ КОРД ЗАДАНИ МӮСАФЕДИ 71-СОЛА ДАР ВАРЗОБ

Асосӣ / Ҷомеа

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ВОСЕЪ ВА ҶАЙҲУН ВА ҲАМСОЯАШРО БАРОИ ҚУБУРИ ОБ КОРД ЗАДАНИ МӮСАФЕДИ 71-СОЛА ДАР ВАРЗОБ

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ВОСЕЪ ВА ҶАЙҲУН ВА ҲАМСОЯАШРО БАРОИ ҚУБУРИ ОБ КОРД ЗАДАНИ МӮСАФЕДИ 71-СОЛА ДАР ВАРЗОБ
Ба ШВКД дар ноҳияи Варзоб бо ариза зани 40-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 6-уми августи соли 2023, ҳамдеҳааш марди 71-солаи сокини ҳамин ноҳия бо шавҳараш, марди 42-сола, ҳангоми таъмири қубурҳои обгузари деҳаашон ҷангу ҷанҷол карда, ӯро мавриди лату кӯб қарор дода, бо корд 2 маротиба ба қисмати қафаси сина ва пеши шикамаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи зани 53-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 6-уми августи соли 2023, дар кӯчаи М.Турсунзодаи шаҳри мазкур шахси номаълум писараш, ҷавони 25-солаи сокини ҳамон ҷоро бо корд 2 маротиба ба баданаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини ҳамин шаҳр бо гумони авбошӣ дастгир карда шуд...

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.