расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҳар рӯз 440 тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро мегиранд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Ҳар рӯз 440 тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро мегиранд


С
оли 2022ба ҳисоби миёна дар як рӯз 440 нафар тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд: дар 9 моҳ 119 ҳазору 609 нафар шаҳрвандии ин кишварро гирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки дар тамоми соли 2021-ум 103,6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон табаияти Русияро гирифта буданд.
Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Русия хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давра 114 ҳазору 266 шаҳрванди Тоҷикистон иҷозаи иқомати Русияро, ки он як қадам то гирифтани шаҳрвандӣ ба шумор меравад, гирифтаанд. Ин маънои онро дорад, ки ба наздикӣ онҳо ҳам эҳтимол шаҳрванди Русия шаванд. Ин рақам дар тамоми соли гузашта 96,5 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистонро ташкил медод.
Ҳамчунин, дар 9 моҳи имсол 47 ҳазору 758 нафар иҷозаи иқомати муваққатии Русия ё РВП-ро қабул кардаанд. Дар соли гузашта 47 ҳазору 46 тоҷикистонӣ ҳуҷҷати РВП-ро гирифта буданд.
Дар сурати умум, дар 9 моҳи соли равон 542 ҳазору 525 хориҷӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Дар ин рӯйхат дар ҷои аввал Украина меистад, ки 260 ҳазору 519 украинӣ шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд. Ба эҳтимоли зиёд ин ба он рабт дорад, ки чанде пештар вилоятҳои мухтори Донетск, Херсон, Луганс ва Запароже дар пайи ҷанги Русия ва Украина ба Русия гузаштанд ва ба таври автоматӣ сокинони он шаҳрванди Русия шуданд.
Тоҷикистон баъди Арманистону Қазоқистон, ки беш аз 30 ҳазор сокинашон шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, дар ҷои чаҳорум қарор дорад. Дар зинаи панҷум Ӯзбекистон, ки 19 ҳазору 332 сокинаш шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, қарор дорад ва дар ҷойи панҷум ва шашум Қирғизистон (16 ҳазору 404 нафар)  ва Малдова (11 ҳазору 449 нафар) қарор гирифтаанд.
Ёдовар мешавем, ки сол аз сол дарёфти шаҳрвандии Русия аз сӯи сокинони Тоҷикистон зиёд мешавад. Аз ҷумла, соли 2021-ум 103,6 ҳазор, соли 2020-ум 63,3 ҳазор, соли 2019-ум 44,7 ҳазор, соли 2018-ум 35, 7 ҳазор, соли 2017-ум 29 ҳазор ва соли 2016-ум 23 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро қабул карда буданд.
Ҳамин тариқ, дар шаш моҳи соли 2022 ҷамъан 74 ҳазору 162 зодаи Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро дарёфт карда будаанд.
Ҳамасола ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон барои кору маоши муносиб ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Маблағе, ки онҳо ба Тоҷикистон мефиристанд барои чархонидани иқтисодиёти кишвар муҳим арзёбӣ мегардад.
Гуфтан ба маврид аст, ки новобаста ба ҷанг дар Украина, Русия то ҳол макони аслии муҳоҷирони тоҷик ба ҳисоб меравад ва ҳамин тавр, ба даст овардани шаҳрвандии ин кишвар низ яке аз ҳадафҳои бисёре аз муҳоҷиронест, ки мақсад доранд, барои муддати дароз дар ин кишвар кору зиндагӣ кунанд.
Тоҷикистон теъдоди умумии муҳоҷиронашро дар Русия 600 ҳазор мегӯяд ва Русия бошад онҳоро беш аз 1 млн шуморидааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.