Собиқ бинои Кохи президент қариб пурра тахриб шуд
Кохи президент дар доираи татбиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе кӯчонида мешавад.
Сурат: Абдуллоҳ Ғурбатӣ/Asia-PlusДар шаҳри Душанбе корҳои тахриби собиқ бинои Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти ҶШС Тоҷикистон, ки аз соли 1992 Кохи президент дониста мешуд, идома доранд.
Қисмати рост ва асосии бино, ки дар маркази маҷмаа ҷойгир буд, аллакай тахриб шуда, дар ин ҷо сохтмони бинои нави ҳукумати Тоҷикистон дар назар аст.
Аксбардори мо Абдуллоҳ Ғурбатӣ бо ҷараёни корҳо, аз ҷумла кори техникаи махсус дар ин ҷо шинос шуд.
То замони ба бинои нав кӯчидан, муддати 25 сол дар ин ҷо дастгоҳи президент ва ҳукумат фаъолият мекарданд. Ахиран ин ҷо шаҳрдории Душанбе (бинои он ҳам тахриб шуд) ва Кумитаи сайёҳӣ ҷойгир буданд.
Кохи президент дар доираи татбиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе тахриб (кӯчонида) мешавад.
Дар ҷомеаи Тоҷикистон хабари вайрон шудани бинои дастгоҳи президент дар Душанбе вокуниш ба бор овард. Бархе аз шахсиятҳои шинохта мухолифи ин кор изҳори назар карда буданд.