Русия 240 миллион доллар қарзи Қирғизистонро бахшид


Дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба Москва, Русия 240 миллион доллар қарзи ин кишварро бахшид. Бино бар санадҳо, ин маблағ «ёрии расмӣ ба рушди Қирғизистон» унвон шуд.

240 миллион доллар маҷмӯи қарзҳое буд, ки Русия то 30 марти соли 2017 ба Қирғизистон додааст. Пештар, дар нимаи аввали соли 2016, Русия 30 миллион доллар қарзи қаблии Қирғизистонро низ бахшида буд. Ба сурати умум Русия дар 11 соли охир аз баҳри 703,2 миллион доллар қарзи ба Қирғизистон додааш гузаштааст.

Илова ба қарордоди бахшида шудани қарз Русия ва Қирғизистон эъломияи таҳкими коршарикии стратегиро ба имзо расонданд, ки бахши нав ва умдаашро густариши ҳамоҳангӣ дар мубориза бо терроризм ва тундгароӣ, сармоягузории онҳо ва ҷинояткории созмонёфта, коррупсия ва шустушӯйи пул ташкил медиҳад.

Ду кишвар ҳамчунин тасмим гирифтанд, низоми ягонаи дифои зиддиҳавоӣ бунёд кунанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон