расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Нақшаи даъват ба артиш беш аз 50% иҷро шудааст

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Нақшаи даъват ба артиш беш аз 50% иҷро шудааст


Нақшаи даъвати ҳарбии тирамоҳӣ дар Тоҷикистон беш аз 50 дарсад иҷро шудааст. Дар ин бора сомонаи расмии Вазорати дифои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, дар 10 рӯзи аввали маъракаи даъвати ҳарбӣ, шаҳру ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Сангвор, Лахш, Ҳисор, Данғараву Вахш ва ҳамаи шаҳру навоҳии ВМКБ нақшаи даъват ба артишро пурра иҷро кардаанд.
Ин ниҳод гуфтааст, то имрӯз, иҷрои нақшаи даъват дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 62 дарсад иҷро шудааст.
Ҳамин тариқ, нақшаро вилояти Хатлон 51 дарсад, вилояти Суғд 38  дарсад ва шаҳри Душанбе 48 дарсад иҷро кардаанд.
“Умуман, аз якуми октябри соли равон даъвати тирамоҳии шаҳрвандони ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 50,2 фоизро дар бар мегирад”, - навиштааст Вазорати дифоъ.Мақомот иҷрои нақшаи барвақтии даъват ба артишро ба афзоиши ихтиёриён ба сафаи Қувваҳои мусаллаҳ, пешниҳоди имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар арафаи маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ арзёбӣ мекунанд.
Коршиносон мегӯянд, бамаротиб кам будани теъдоди даъватшавандагон дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо ва барвақттар оғоз намудани маъракаи даъват аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ сабаби аслии дар рӯзи аввали маъракаи даъват ба артиш шудани нақша мебошад.
Беш аз 50 дарсад иҷро шудани нақшаи даъвати ҳарбӣ дар кишвар дар ҳолест, ки қабл аз оғози мавсими даъвати тирамоҳӣ ба сафи артиш, вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо ба зердастони худ муроҷиат карда, таъкид намуд, ки аз даъвати иҷборӣ худдорӣ кунанд ва бештар фарзандони мансабдоронро ба сафи артиш ҷалб намоянд.
Ҳамасола, бо шуруъи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиш бурдани ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр мешавад, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд.
Мақомот ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
Ҳамчунин, дар Тоҷикистон соли 2020 ба қонун "Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ" тағйирот ворид шуд, ки ба ҷуз донишҷӯёни зинаи таҳсили бакалавр, муҳассилини давраи магистратураро низ ба хидмат мебаранд. То ин вақт ин категорияи муҳассилин аз хидмат озод буданд. Роҳандозии хидмати алтернативиро иддае як роҳи қонунии халосӣ аз артиш арзёбӣ мекунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.