расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Келинам маро аҷуза мегӯяд

АХБОРИ ОҶИЛ / Ҷомеа / Ҳаводис

Келинам маро аҷуза мегӯяд

Ман модар ва хушдоманам ҳастам.Шавҳарам дар синни 50-солагиаш аз бемории саратон вафот карда буд.

Писари яккаву ягонаамро як сол қабл бо сад орзуву ҳавас хонадор кардам.Келинамро аз як оилаи руҳонӣ, ки волидонаш бениҳоят хубу зиндагифаҳм ҳастанд, интихоб намудам.

Гумон доштам, ки аз чунин оила ҳеҷ гоҳ фарзанди бад намебарояд, вале хислату хӯи келинам умуман ба падару модараш монанд набудааст. Вақте ки ӯро насиҳат мекунам, дарҳол қаҳр карда, ба хонаи хобаш медарояду ду рӯз бо ман гап намезанад.

Чанд рӯз қабл писарам ба ман гуфт, ки “оча, зани ман ҳомиладор асту ту ӯро кори вазнин мефармоӣ”. Аз ин гапи писарам ҳам ғамгин шудаму ҳам ҳайрон, охир келини эркаи ман аз субҳ то шом ман ҳомиладор ҳастам гуфта, аз хонаи хобаш намебарояд.

Бегоҳирӯзие гапзанияшро тавассути телефон бо апааш шунидам, ки бо гиря мегуфт: “Хушдомани ситорахунукам дар назарам мисли аҷуза менамояд, ин занак ба дилам задааст”. Бо шунидани чунин таҳқир хун дар рагҳоям ях баста, зор-зор гиря кардам.

Охир, ман келинро мисли духтарам қабул карда будам, ӯ бошад, нисбати ман ин қадар нафрат доштааст. Дилам кулбори ғаму андуҳ гаштааст, чӣ кор карданамро намедонам. подробнее тдж: https://oila.tj/news/kelinam-maro-auza-megyad

Сарчашма:оила тҷ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.