расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Путин: Русия бо тамоми гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон дар тамос аст

АХБОРИ ОҶИЛ / Сиёсат / Ҷаҳон

Путин: Русия бо тамоми гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон дар тамос аст

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон ба мавзуъ ва вазъи имрӯзаи Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир кард.

Вай гуфт, Русия бо тамоми гурӯҳҳои сиёсие, ки дар Афғонистон ҳастанд, тамос барқарор кардааст.

"Русия ҳамаи корро анҷом медиҳад, то вазъ дар Афғонистон ба эътидол биёяд ва ҳоло мо талош дорем, бо гурӯҳҳои сиёсие, ки вазъро дар Афғонистон контрол доранд, ҳамкорӣ намоем", - гуфт ӯ.

Раисҷумҳури Русия илова кард, ки дар ҳукумат ва мақомоти раҳбарии Афғонистон бояд тамоми ақвоми ин кишвар ҳузур дошта бошанд.

Феълан музокироти дуҷонибаи Раҳмону Путин дар пойтахти Тоҷикистон идома доранд.

Табиист, ки масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба - тиҷорату иқтисод, бахшҳои низомӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ хоҳанд шуд, изҳор дошт ахиран Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури Русия дар шарҳи ин мулоқот.

Ин нахустин сафари хориҷии президенти Русия баъди оғози амалиёти низомӣ дар Украина арзёбӣ мешавад.

Баъди боздид аз Душанбе сафари президенти Русия ба Ишқобод дар назар аст. Ӯ дар ин шаҳр дар ҷаласаи сарони кишварҳои соҳили Хазар иштирок хоҳад кард, ки роҳбарони Озарбойҷон, Қазоқистон, Эрон ва Туркманистонро низ дар бар мегирад.

Сафари Путин дар ҳоле сурат мегирад, ки масоили амниятӣ аз мавзуъҳои меҳварӣ дар минтақа арзёбӣ мешаванд. Ахиран нигарониҳое аз сӯйи мақомоти қудратии Русия дар мавриди вазъи Афғонистон низ садо доданд.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.