расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Мутахассиси геологу саноат омода кунед: пешниҳоди Шерали Кабир ба масъулини ДОМ дар Хоруғ

АХБОРИ ОҶИЛ / Сиёсат / Ҷомеа

Мутахассиси геологу саноат омода кунед: пешниҳоди Шерали Кабир ба масъулини ДОМ дар Хоруғ

Шералӣ Кабур, Вазири саноат ва технология, ки бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат дар ВМКБ қарор дорад, аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ дидан кард.

Бар хабари ҳокимияти вилояти мазкур, Шералӣ Кабирро раиси вилоят Алишер Мирзонабот ва мири шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Зимни боздид аз донишгоҳи мазкур, Шералӣ Кабир ба тарҳи меъмории донишгоҳи мазкур баҳои баланд дод.

Манбаъ меафзояд, вазир ба масъулини Донишгоҳи Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд, ки мутахассисони соҳаи геология ва саноатро омода намоянд.

Ӯ гуфт, ин мутахасиисон бо Вазорати саноат ва технология ҳамкорӣ намуда, дар пешрафти соҳаҳои мухталифи диёр саҳмгузор хоҳанд шуд.

Маврид ба зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара аз ҳаводиси ахир, ки дар ВМКБ рух дод, зикр намуд ва ба аксар вазирону раисон супориши қатъӣ дод, ки ба ин вилоят сафар кунанд.

Ӯ аз ҷумла ба Вазири саноат ва технологияи Тоҷикистон, Шералӣ Кабир супориш дод, ки аз ВМКБ боздид кунад ва давоми даҳ рӯз тамоми шарту шароити ин минтақаи дурдасти кӯҳиро омӯхта аз пайи ташкил додани корхонаҳои хурди саноатӣ шавад.

Дар баробари Шералӣ Кабир, алъон вазири тандурустӣ, нақлиёт, кишоварӣ ва чандин мақомдорони дигар низ дар ВМКБ қарор доранд.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.