расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Толибон аз СММ барои ҳалли мушкилоти паноҳҷӯёни афғон кумак хост

Асосӣ / Ҷомеа / Иқтисодиёт / Ҷаҳон

Толибон аз СММ барои ҳалли мушкилоти паноҳҷӯёни афғон кумак хост

Халилурраҳмони Ҳаққонӣ, сарпарасти Вазорати муҳоҷирони Афғонистон дар маросиме ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии паноҳандагон гуфт, ки бо паноҳҷӯёни Афғонистон дар кишварҳои дигар бархӯрди нодуруст мешавад.

Ҳаққонӣ дар идома афзуд, садои муҳоҷирин, мушкилот ва ҳуқуқи ононро ба тамоми дунё ва ниҳодҳое, ки масъулият доранд, бояд бирасонем.

Леонард Зулу, раиси Кумиссариёи паноҳндагони СММ дар Афғонистон низ дар ин маросими Рӯзи ҷаҳонии паноҳндагон гуфт, ки Афғонистон бо доштани беш аз ҳафт миллион паноҳҷӯ бо буҳрони гуруснагӣ низ рӯ ба рӯ аст.

Вай мутааҳҳид шуд, ки дар ҳамоҳангӣ бо ниҳодҳои дигари ҷаҳонӣ ба чолишҳои паноҳҷӯён расидагӣ хоҳад кард.

Ҳамзамон Антонио Гуттерриш, дабири кули СММ низ бо нигаронӣ аз вазъи бади муҳоҷирони Афғонистон эълом кард, ки дар ҳоли ҳозири 24 миллион шаҳрванди Афғонистон ба норасоии ғизо рӯ ба рӯ ҳастанд ва 97 дарсади дигар зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд.

Созмони афви байналмилал низ эълом кард, ки буҳрони паноҳҷӯёни Афғонистон яке аз бузургтарин ва тӯлонитарин буҳронҳо дар ҷаҳон аст.

Ин созмон дар баёнияе ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии паноҳндагон, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки бозгашти иҷбории паноҳндагони Афғонистонро аз кишварҳои ҳамсоя таваққуф диҳад.

Бар асоси оморҳои ҷаҳонӣ беш аз ҳафт миллион шаҳрванди Афғонистон ба иллати даргириҳо, хушунат ва фақр маҷбур ба тарки хона ва кишвари худ шудаанд, ки бештари ин шаҳрвандон дар Эрон, Покистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Малайзия ва Туркия муҳоҷир ҳастанд.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.