расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Хатмкунандагони литсейи Хуҷанд барои идомаи таҳсил дар ИМА 2,5 млн доллар гирифтанд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Хатмкунандагони литсейи Хуҷанд барои идомаи таҳсил дар ИМА 2,5 млн доллар гирифтанд


Соли ҷорӣ Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷандро 41 нафар хатм карда, аз ин теъдод 12 нафари онҳо бо дарёфти 2,5 млн доллар гранти омӯзишӣ ба донишгоҳҳои беҳтарини ИМА дохил шуданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, директори Литсей Сурайёхон Неъматзода гуфтааст, онҳо дар озмунҳои бурсияи донишгоҳҳои ИМА ғолиб омада, соҳиби беш аз 2,5 млн доллари амрикоӣ грантҳои омӯзишӣ дар беш аз 20 донишгоҳҳои бонуфузи Амрико гардиданд.
“Ҳамзамон 18 нафар хатмкунандагони литсей ба донишгоҳҳои беҳтарини кишварҳои Олмон, Туркия, Австрия, Швейтсария, Булғористон ва Федератсияи Россия дохил шудаанд. 11 нафари дигар барои дохилшавӣ ба факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои худро супоридаанд, яъне, аз 41 нафар хатмкунандагони литсей 30 нафари онҳо дар хориҷи кишвар 11 нафар дар мамлакат таҳсили худро идома медиҳанд”, - иброз доштааст ӯ.
Ба гуфтаи директори Литсей, дар муассиса маҳфилҳои доимоамалкунандаи омӯзиши забонҳои англисӣ, чинӣ, русӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ тариқи ройгон ба роҳ монда шуда, ҳамарӯза хонандагон баъди дарси асосӣ бо омӯхтани ин забонҳо машғуланд.
“Ин амр имкон медиҳад хонандагон забонҳоро азхуд намуда, дар озмунҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намоянд ва соҳиби грантҳои омӯзишӣ гарданд”, - изҳор доштааст Сурайёхон Неъматзода.
Зимнан зикр шудааст, ки таҳсили толибилмони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи чаҳонӣ имкон медиҳад, ки ҷавонон аз навовариҳои пешрафтаи дунё бохабар бошанд ва баъди хатми донишгоҳ барои рушди кишвар саҳм гузоранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Беном | Гости

    Илтимос хабарҳои бардуруғ паҳн накунед, инҳо дар дастҳояшон сертификатҳои Олимпиадаҳои фосилавӣ аст.

    Илова бар ин агар ин грантҳо рост бошад, чаро Вазорати Маориф ва Илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин бехабар аст ва дар сомонаи асосии худ эълон кунад.

    Як бор гурӯҳи аттестатсионӣ ташкил кунед, ҳамин муассиса ва 12 нафар хонандагонро санҷида бароед, боварӣ дорам, ягон ҳақиқате аз хабар нест.

  • Туғрақул | Гости

    Салом!

    Ман хеши як хонандае, ки дар расм аст. 

    Ба ростӣ ин хабарҳои бардуруғ аст, чунки вай дар ҳаёташ ин хел    грантҳоро надидааст ва ин гапҳо умуман нест ва ӯ то ҳол ба ҷуз Маркази миллии тестӣ ягон ҷо имтиҳон намесупорад.

  • Бегмурадова Анна | Гости

    Ияяя ин мактаб пеши хони монда ку, чизе ба дакор иқа балаболӣ кадан. Вақти турко будагинда ҳаққонӣ буд. Ҳаруз мактаба обчошию ашӯламонӣ шусос.

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.