Вақт надорад: чаро Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон намеравад.


Коршинос Андрей Грозин далели ба Тоҷикистон сафар накардани Шавкат Мирзиёевро гуфт

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Мудири бахши кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ҳамсуд (СНГ) Андрей Грозин мегӯяд, сарфи назар аз "об шудани яхҳо" миёни Тоҷикистон ва Узбакистон, дар ин 20 сол мушкилоти фаровоне миёни ду кишвар буда, ки намешавад онҳоро бо як сафар аз миён бурд. "Вагарна чаро Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд намеравад? Далелаш даққан ҳамон аст. Яъне сафари расмӣ дар чунин шароите ҳамчун гузашт аз ҷониби Мирзиёев ё Раҳмон шумурда хоҳад шуд. Ин зоҳири қазия аст", — гуфт коршинос дар суҳбат бо Sputnik Узбакистон.
Ӯ бар ин бовар аст, ки Узбакистон тактикаи худро дорад. "Реҷаи кории раисҷумҳур резинӣ нест, то дар як муддати чандин сафарро бигунҷонад", — таъкид кард коршинос.
Пештар ҳам мудири гурӯҳи пажӯҳишии Донишкадаи Шарқшиносӣ Станислав Притчин яке аз далоили сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудиро мулоқоти ғайрирасмӣ бо Шавкат Мирзиёев гуфт. "Эмомалӣ Раҳмон бо Доналд Трамп суҳбати кӯтоҳе дошт ва он на баррасии муносиботи дуҷониба, балки танҳо як ташрифот буд. Муҳимтар аз он дидори ғайрирасмии Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури ҷадиди Узбакистон Шавкат Мирзиёев буд", — гуфт коршинос.
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон