расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Назарбоев ба сиёсат дахолат мекунад ё на? Посухи Сенати Қазоқистон

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Назарбоев ба сиёсат дахолат мекунад ё на? Посухи Сенати Қазоқистон


Президенти аввали Қазоқистон дигар дар сиёсати ин кишвар нақше надорад ва дар қабули қарорҳои муҳим низ бо ӯ машварат намешавад

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Президенти аввалини Қазоқистон ба сиёсати давлатӣ дахолат намекунад, мегӯяд Мавлон Ашимбоев, раиси Сенати Қазоқистон.
Ӯ ин нуктаро дар просух ба ин суол, ки оё Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури нахустин ба масоили сиёсии ин кишвар дахолат мекунад, изҳор дошт.
Пас аз анҷоми ҷаласаи палата рӯзноманигорон аз Ашимбоев пурсиданд, ки оё Нурсултон Назарбоев ягон кори давлатиро ҳал мекунад?
"Президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев имрӯз ба сиёсат дахолат намекунад. Шояд худатон ҳам бубинед. Ҳамчун сиёсатмадор, ҳамчун раисҷумҳури аввал ба сиёсати кишвар дахолат намекунад", - посух дод Ашимбоев.
Мавсуф гуфт, ки ӯ метавонад дар корҳои бузург, аз қабили раъйпурсӣ, интихобот ҳамчун шаҳрванди кишвар ширкат кунад.
"Ҳама масъалаҳо бо тартиби муқарраркардаи қонун ҳал мешаванд", - таъкид кард Ашимбоев.
Ашимбоев ҳамзамон гуфт, барои қабули ин ё он тасмими муҳим бо раисҷумҳури собиқ машварат сурат намегирад.
"Мо бо раисҷумҳури аввал машварат намекунем, чунин тадбир вуҷуд надорад. Дар ҳоли ҳозир тамоми шохаҳои қудрат, тамоми мақомоти давлатӣ салоҳиятҳои худро дар сатҳи қонунгузорӣ амалӣ мекунанд", - гуфт раиси Сенат.
Номбурда гуфт, мақоми раисҷумҳури пешин ҳимоят ва имтиёзҳои онҳоро Конститутсия танзим мекунад ва вакилон қасд надоранд, дар ин бахш Қонуни Асосиро тағйир диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки раъйпурсии охирин оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Асосии Қазоқистон бахше аз салоҳиятҳои президенти нахустинро бекор мекунад.
Қаблан дар Сарқонуни ин кишвар банде мавҷуд буд, ки на танҳо Нурсултон Назарбоев, балки наздиктарин хешовандони ӯро низ аз ҷавобгарии ҷиноӣ муҳофизат мекард.
https://sputnik-tj.com/20220609/nazarboev-siyosat-dakholat-senat-qazoqiston-1049059248.html

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.