расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Тоҷикистон ва Туркия созишномаи ҳарбӣ имзо карданд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Тоҷикистон ва Туркия созишномаи ҳарбӣ имзо карданд

Вазорати мудофиаи Туркия рӯзи 21-уми апрел изҳори омодагӣ кард, ки таҷрибаи худро дар масъалаи амнияти марзҳо ва мубориза бо терроризм бо Душанбе дар миён гузорад.
Ин изҳорот пас аз мулоқоти вазирони дифои Тоҷикистону Туркия Шералӣ Мирзо ва Ҳулусӣ Акар дар Туркия баён шуд. Ду тараф санадеро ҳам имзо кардаанд.
Дар изҳороти Вазорати дифои Туркия гуфтаанд, "тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши омӯзиши низомӣ зарур аст."
Тоҷикистон бо Афғонистону Қирғизистон ва Чину Узбекистон ҳаммарз аст. Солҳои охир бештари даргириҳо дар сарҳад бо Қирғизистон рӯй додаанд. Ду тараф дар моҷарову хунрезиҳо якдигарро гунаҳкор мекунанд.
Яке аз муноқишаҳои хунин байни ду кишвар рӯзҳои 28-30-юми апрели соли 2021 рӯй дод, ки дар натиҷа ба гуфтаи мақомоти Қирғизистон аз он тараф 36 нафар ва аз Тоҷикистон 19 нафар кушта шуданд. Даҳҳо тани дигар аз ҳарду тараф ҷароҳат бардоштанд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр сарҳад доранд. То ин дам 664 километри он мувофиқа шуда, 308 километри дигар мондааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.