расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Изҳороти ахири Човушуғлу дар бораи мулоқоти Путин бо Зеленский

Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Изҳороти ахири Човушуғлу дар бораи мулоқоти Путин бо Зеленский

Вазири хориҷаи Туркия гуфтааст, ки дар ояндаи наздик руасои ҷумҳуриҳои Русия ва Украина мулоқот хоҳанд кард, аммо ҳама чиз ба ризоият ва мавқеи Путин вобастааст

Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷии Туркия изҳор кардааст, ки дар ояндаи наздик бо Владимир Путин ва Зеленский мулоқот хоҳад кард ва гуфтааст, ки танҳо мувофиқат бо раисҷумҳури Русия боқӣ мондааст.

Оқои Човушуғлу ба телевизиони NTV гуфтааст, "ман бовар дорам, ки мулоқот дар ояндаи наздик баргузор мешавад. Ҳама чиз ба ризоият ва мавқеи Путин вобастааст. Аслан раҳбари Русия ба ин дидор мухолиф нест".

Вазири хориҷаи Русия қаблан гуфта буд, мулоқоти Путин бо Владимир Зелинский замоне сурат хоҳад гирифт, ки музокироти ҳайатҳои Маскаву Киев ба поён расад.

Қаблан ӯ гуфта буд, Туркия омодааст, ки музокироти руасои ҷумҳуриҳои Русия ва Украинаро ташкил кунад.

Маврид ба зикр аст, ки Туркия аллакай мизбони як даври дидори ҳайатҳои Русия ва Украина низ буд.

Ҷониби Русия ҳамвора ба ризоияти Путин барои мулоқот бо Зеленский таъкид мекунад, аммо шарти асосии дидори президентҳоро дастёбӣ ба созиши мушаххас аз ҷониби гуруҳҳои корӣ медонад.

Қаблан вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфта буд, Маскав ҳавасманд аст, ки музокирот бо Киев муваффақ анҷомад.

Ӯ дар шарҳи мулоқоти Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо ҳамтои украинияш Владимир Зеленский гуфт, ин дидор замоне сурат мегирад, ки тавофуқот ҳосил шаванд.

Мулоқоти мазкур дар сурате зарур аст, ки дар масъалаи Донбасс, ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ дар Украина мувофиқа ҳосил шавад, афзуд Лавров.

Ин дар ҳолест, ки Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия низ дар пайи музокироти Истанбул мулоқоти Путин ва Зеленскийро истисно карда, онро ба адами тавофуқот рабт дод.

Пас аз амалиёти вижаи Русия музокироти аввалини ҳайатҳо рӯзи 28 феврал дар вилояти Гомели Беларус баргузор шуд. Сипас намояндагони Русия ва Украина рӯзи 3 март дар Беловежская Пушча ва 7 март дар вилояти Брест мулоқот карданд.

Дар нимаи моҳи март тасмим гирифта шуд, ки вохӯриҳо ҳар рӯз ба таври онлайнӣ баргузор шаванд.

Охирин дидори ҳайатҳо дар Туркия баргузор шуд, аммо то кунун ин гуфтушунидҳо натоиҷи мушаххаст надодаанд.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.