расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Умед ба эътирофи Қрим ва Донбасс: Мединский гуфт, Русия чӣ хосту Украина чӣ посух дод

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

Умед ба эътирофи Қрим ва Донбасс: Мединский гуфт, Русия чӣ хосту Украина чӣ посух дод

Ёвари раисиҷумҳури Русия посухи ҳайати Киев дар мавриди эътирофи Қриму ҷумҳуриҳои Донбассро зимни музокирот умедворкунанда арзёбӣ намудаст
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Владимир Мединский, ёвари раисҷумҳури Русия, ки роҳбарии ҳайати ин кишвар дар музокирот бо Украинаро ба уҳда дорад, умедвор аст, ки дар масъали Қрим ва Донбасс роҳи ҳаллро пайдо хоҳанд кард.
Барои Русия эътирофи Қрим ва ҷумҳуриҳои Донбасс аҳамияти аввалиндараҷа дорад, изҳор доштаст Мединский дар суҳбат бо RT.
Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Украина ин корро тақрибан ғайриимкон хонд.
"Онҳо мегӯянд, ин тақрибан ғайриимкон аст. Аммо ба назари ман байни "ғайриимкон" ва "тақрибан ғайриимкон" фарқи калонест", - такъид намудаст ёвари президенти Русия.
Вай бо зикри аҳамияти аввалиндараҷаи ин масъала барои Маскав изҳори умед намудаст, ки "дер ё зуд мо роҳи ҳаллро пайдо хоҳем кард".
Маврид ба зикр аст, ки то ҳол се даври музокирот - рӯзҳои 28 феврал, 3 ва 7 март дар қаламрави Белорус баргузор шуданд. То ҳол ҷонибҳо аз тавофуқот барои ташкили долонҳои гуманитарӣ барои тахлияи минтақаҳои даргир аз аҳолии осоишта, интиқоли дору ва маҳсулоти ниёзи аввал хабар доданд.
Даври чорум гуфтушунид дар ояндаи наздик баргузор хоҳад шуд, изҳор дошт раиси Кумитаи Думаи давлатӣ дар умури байналмилалӣ ва узви ҳайати Русия дар музокирот бо Украина, Леонид Слутский.
Музокирот дар пасманзари амалиёти низомии Русия дар Украина сурат мегиранд, ки аз 24 феврал то ҳол идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.