расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Толибон аз Чин хоҳони кумак барои ба расмият шинохтанашон шуданд

. / Сиёсат

Толибон аз Чин хоҳони кумак барои ба расмият шинохтанашон шуданд

Толибон аз Чин барои ба расмият шинохтани ҳукуматашон дар сатҳи байналмилал хоҳони кумак шуданд

Ҳукумати толибон аз Чин хостааст, ки дар эътирофи байналмилалии Афғонистон кумак кунад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

Дар ин бора Билол Каримӣ, сухангӯи толибон, Забеҳулло Муҷоҳид, муовини дувуми вазири иттилоот ва фарҳанг дар кобинаи муваққати толибон изҳорот доданд.

«Мо аз Чин даъват менамоем, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббус нишон диҳад, то ҳукумати толибонро эътироф кунад», — омадааст дар изҳороти муштарак.

Вай афзуд, эътирофи ҳукумати толибон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ як қадами ҳалкунанда барои Афғонистон дар ҷиҳати ба даст овардани нуҳ миллиард доллари дороиҳои боздоштшудаи ин кишвар дар бонкҳои хориҷӣ хоҳад буд.

Тибқи иттилои рӯзномаи «Time of India», дар авохири ҳафтаи гузашта Сироҷиддин Ҳаққонӣ, вазири умури дохилии ҳукумати муваққати Афғонистон ба сафири Чин дар Кобул гуфтааст, ки Амрико набояд ба таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Кобул идома диҳад.

Дар миёнаҳои моҳи август, пас аз ба сари қудрат расидани Толибон Сандуқи Байналмилалии Пул ва дигар созмонҳои ғарбӣ барномаҳои иқтисодиашонро дар Афғонистон мутаваққиф карданд. Аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида дастрасиро ба дороиҳои ҳафтмиллиарддолларии Кобулро, ки дар ихтиёри Бонки марказии Амрикоянд, қатъ кардааст. Онҳо тасмими худро ба он рабт доданд, ки то замони эътирофи ҳукумати нав наметавонанд маболиғро ба ин сарзамин интиқол диҳанд. Илова бар ин толибон ҳатто аз дастрасӣ ба захираҳои миллии ин кишвар маҳрум шудаанд. Амрико дороиҳои Бонки марказии Афғонистонро дар суратҳисобҳои бонкии худ масдуд кард.


Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.