расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Ноиби дабири СААД аз қатли тоҷикон дар Афғонистон гуфту аз оқибат ҳушдор дод

Сиёсат / Ҷаҳон

Ноиби дабири СААД аз қатли тоҷикон дар Афғонистон гуфту аз оқибат ҳушдор дод

Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ вазъ дар Афғонистон ва аъмоли ҳукуматдорони нави ин кишварро пайгирӣ мекунад

Зарфияти мухолифатҳо дар минтақа афзоиш ёфт. НАТО бо баҳонаҳои бофта гуруҳҳояшро дар кишварҳои Аврупои шарқӣ ва Балтик дар наздикиҳои марзи Русия ва Белорус афзоиш медиҳад, изҳор дошт Валерий Семериков, ноиби дабири кулли СААД дар суҳбат бо Sputnik.
Ӯ дар мавриди вазъ дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон, изҳор дошт, ки тағйири ҳукуматдорон барои минтақа мушкилзо шуд.
Амалиёти Қалъаи Саҳро: Муқовимат дар Кописо ҷабҳаи нав боз кард  
Ба гуфтаи Семериков, вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон комилан аз сиёсати толибҳо вобаста аст ва размоишҳо барои эътидоли вазъ дар минтақа мусоидат карданд.
Ноиби дабири СААД зикр намуд, ки то ҳол ҳудуди 2 миллион нафар аллакай кишварро тарк карда, ин теъдод афзоиш хоҳад ёфт. Вай махсусан таъкид кард, ки шумораи гурезаҳо зиёд мешавад, агар қатлҳои оммавии қавмӣ, пеш аз ҳама алайҳи тоҷикон идома дода шаванд.
Толибон: Аз замони бозгашти дубораи мо ҳеҷ низомии собиқ эъдом нашудааст
Тибқи иттилои намояндаи СААД, дар Афғонистон ҳудуди 13-14 созмони террористӣ фаъолият доранд, ки дар маҷмуъ ҳудуи 23 ҳазор ҷангҷӯро дар бар мегиранд.
Семериков дар мавриди дурнамо таъкид намудааст, ки ин аз амали ҳукуматдорони нав дар кишвар вобаста аст, ки то куҷо метавонанд, сиёсати босамари дохилӣ ва бо ҷаҳони берунро роҳандозӣ кунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.