расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Занозанӣ байни шаҳрвандони Чин ва Тоҷикистон дар бозори «Садовод»-и Маскав

. / Ҷомеа

Занозанӣ байни шаҳрвандони Чин ва Тоҷикистон дар бозори «Садовод»-и Маскав

Дар бозори «Садовод»-и Маскав миёни шаҳрвандони Чин ва Тоҷикистон занозанӣ ба амал омада, шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳат бардоштааст.

Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбеи 24 ноябр сойти Мослента бо истинод аз телеграмм-канали Baza хабар додааст.

Дар хабар омадааст, ки як борбари тоҷик, дар натиҷаи муноқиша осеб дидааст.

Гуфта мешавад, ҳангоми кор аробаи борбар ҳини гузашт ба як нафари чинӣ бармехурад ва дар натиҷа муноқишаи лафзӣ ба амал омада, зуд ба занозанӣ мубаддал мешавад.

“Якчанд чинӣ якбора ба тоҷик бо мушту лагад ҳамла карданд. Дар ҳамин ҳол яке аз ҳамлакунандагони чинӣ кордро бароварда, ба сару дастони мард зад. Ба занозанӣ посбонони бозор дахолат карда, маҷрӯҳро ба бемористон бурданд ва хоҳиш карданд, ки дар бораи ин ҳодиса ба касе чизе нагӯяд.” — омадааст дар хабар.

Ба иттилоъи манбаъ, сарфи назар аз хоҳиши масъулини бозор, борбари тоҷик, ки дар бемористон ҷароҳатбардорияш сабт шуда буд, мехоҳад ба пулис ариза нависад.

Дар хабар на аз шаҳрванди Чин, на аз шаҳрванди Тоҷикистон ном бурда нашудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.