расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » КАПИТАНИ МИЛИСА ҲАНГОМИ ГИРИФТАНИ ПОРА ДАСТГИР ШУД!

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

КАПИТАНИ МИЛИСА ҲАНГОМИ ГИРИФТАНИ ПОРА ДАСТГИР ШУД!

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 15 ноябр хабар дод, ки тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии капитани милится Матлуба Зиёдализода ва шарики ӯ шаҳрванд Абдукарим Абдуллоевро анҷом дода, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ин парвандаро ба додгоҳ ирсол кардааст.
Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия дар шарҳи ин парванда гуфт: “Шаҳрванд Абдуллоев Абдукарим Рауфович дар асоси маслиҳати пешакӣ бо муфаттиши шуъбачаи тафтишотии шуъбаи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён, капитани милитсия Зиёдализода Матлюба ба боварии шаҳрванд “А” даромада, барои кумак намудан дар парвандаи ҷиноятӣ нисбати писараш дар шаш ҳолат маблағи умумии 154 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 13 ҳазору 600 доллар) гирифта, ин маблағро тасарруф намуда ба манфиати охирин ягон амали муайянеро иҷро накарданд.”
Капитан Матлуба Зиёдализода ва шарикаш шаҳрванд Абдукарим Абдуллоев бар асоси банди “б”, қисми чоруми моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба қаллобӣ  ба маблағи махсусан бузург айбдор мешаванд. Ба  онҳо бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 60 сомонӣ, ё каме бештар аз 5 доллар) ваё аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.
Дар ин авохир ин аввалин мавриди боздошти кормандони милисаи вилояти Хатлон бо иттиҳоми даст доштан дар ҷиноятҳои коррупсионӣ нест.
Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон  рӯзи 12 июл хабар дода буд, ки тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии Зафар Икромов, сарваколатдори гуруҳи махсуси қисми минтақавқии РВКД вилояти Хатлон оид ба гуруҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлобро анҷом дода, ин парвандаро ба додгоҳ супурдааст. Зафар Икромов бар асоси моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба қаллобӣ айбдор мешавад. Бино ба гузориши маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия, “Икромов Зафар Музафарович дар вазифаи ваколатдори калони гурӯҳи махсуси Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оиди гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш даст ба ҷинояти қаллобӣ задааст. Чунончи, номбурда директори Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Восеъ Шарипов Қ.И.-ро дар содир намудани ҷиноятӣ гирифтани пора гумонбар дониста, дар давраи аз охирҳои моҳи декабри соли 2019 то моҳи июли соли 2020 дар якчанд ҳолат аз аз ӯ 56 000 сомонӣ талаб намуда, аз маблағҳои талабнамудааш дар маҷмӯъ маблағи  51 000 сомониро гирифта, тасарруф намудааст. ” Ба Зафар Икромов барои қаллобӣ ба маблағи махсусан калон бо истифода аз мақоми давлатӣ ҷарима ваё то 12 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад. Агентии мубориза бо коррупсия дар гузоришҳояш мақомоти корҳои дохилиро пайваста дар қатори ниҳодҳои давлатии аз ҳама фасодзада номбар мекунад. Тоҷикистон дар умум яке аз кишварҳои фасодзадатарини дунё ба шумор рафта, дар гузориши ахири созмони Транспаренси Интенэшнал дар байни 180 кишвар аз лиҳози сатҳи фасод дар мақоми 149 қарор дода шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.