расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Зани 40-сола духтарчаи 9-соларо кушт

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Зани 40-сола духтарчаи 9-соларо кушт

Ҷисми бе ҷони духтарчаи 9-соларо кормандони мақомоти тафтишотӣ пас аз ду рӯзи бе ному нишон гум шуданаш аз як бинои баландошёна пайдо намуданд. Дар бадани кӯдак нишонаҳои зиёди марги маҷбурӣ ба назар мерасид.
Беназоратӣ ва бепарвоии модар дар тарбияи фарзандаш боиси он гашт, ки духтарчаи 9-сола субҳи 16-октябр аз хона баромада, бо ҳамин якбора бе ному нишон ғайб занад. Тавре ки Mash иттилоъ додааст, бори охир шоҳидон нисфирӯзии 16-октябр духтарчаро ҳамроҳи боз як духтарчаи дигари ҳамсолаш ва зани бегонае дидаанд. Зани ношинос дили ин ду духтарчаи содаи фатиламӯйро, ки баъди дарс аз мактаб бармегаштанд, бо суханони ширин ба даст оварда, барои кӯдаконро ба худ ром крадан онҳоро ба мағоза медарорад ва барояшон шириниҳои гуногун харида медиҳад.
Аз наворҳои камераҳои назоратӣ дида мешуд, ки чи тавр духтарчаҳо ҳамроҳи зани бегона шоду хандон аз мағоза мебароянд, вале баъди каме дуртар рафтан ин зани маккора яке аз духтараконро ҷавоб дода, духтарчаи дуюмро бо худ мебарад.
Бо ҳамин Соня Жаворонковаи 9-сола бе ному нишон гашта, танҳо сумкаашро аз поёни ҳамон кӯчае, ки мағоза воқеъ гаштааст, пайдо намуданд.
Модари духтарча, ҳаққу ҳамсояҳо, ихтиёриён ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муддати ду шабонарӯз кӯдакро ҷустуҷӯ карда, билохира бо ёрии наворҳои камераҳои назоратӣ ҳамроҳи кӣ рафтани кӯдакро аниқ намуданд. Аз рӯйи ҳамин наворҳо шахсияти занеро, ки духтараконро ба мағоза дароварда, барояшон ширинӣ харида буд, муайян намуда, суроғаашро ёфтанд, аммо чанд бор зангро пай дар пай пахш карда бошанд ҳам, касе дарро боз накард.
Кормандони мақомоти тафтишотӣ маҷбур шуданд, ки дарро шикаста вориди хона шаванд.
Соҳибхона аллакай фирор карда, ҷисми бе ҷони духтарчаи 9-сола рӯйи фарш мехобид. Дар бадани кӯдак нишонаҳои зиёди марги маҷбурӣ ба назар мерасиданд.
Ёдрас мешавем, ки духтарча рӯзи 16-октябр ғайб зада, ҷисми бе ҷони ӯро бо аломатҳои марги маҷбурӣ пас аз ду шабонарӯз, шоми 18-октябр аз як бинои баландошёна дар маҳаллаи “Долгий переулок”-Вологда пайдо намуданд.
Айни замон кормандони пулис зани 40-солаеро, ки ҷисми бе ҷони духтарча аз манзили ӯ ёфт шудааст, ҳамчун гумонбар дар куштори кӯдаки ноболиғ боздошт намуданад.
“Зан аз Карелия вақти ба поезд нишастан дастгир карда шуд,”-навиштааст хадамоти матбуотии Кумитаи тафтишот.
Ба иттилоъи Telegram-канали «112» зане, ки дар куштори ин кӯдаки бегуноҳ гумонбар дониста мешавад, Ульяна Ланская ном дошта, дар қайди касалхонаи бемориҳои рӯҳӣ будааст. Айни замон зан дар яке аз беморхонаҳои Беломорски Карелия қарор дорад. Табибон вазъияти рӯҳиву равонии занро месанҷанд ва дар сурати исбот шудани далели бемории рӯҳӣ доштанаш ба ҷойи зиндон барои табобат ба касалхонаи бемориҳои рӯҳӣ фиристода мешавад.
Ба иттилои Фонтака. ру духтарчаи кушташуда, дар оилаи носолим ба воя расида, модараш зани танҳо будааст. Зан дар тарбияи фарзандон чунон бепарво будааст, ки танҳо баъди як шабонарӯзи ғайб зудани кӯдак гум шудани духтарчаашро пай бурда, ба ҷустуҷӯи ӯ афтодааст. Ин модари фарзандбезор худро сафед карданӣ шуда, ба кормандони мақомоти тафтишотӣ гуфтааст, ки ӯ фикр мекард духтараш ба хонаи бибиаш рафтааст. Зан ба ғайр аз духтарчаи кушташудааш боз як писарчаи 4-сола дорад ва маълум нест, ки тақдири ин кӯдаки маъсум бо чунин модари бепарвофалак чӣ мешавад.
Падару модарони азиз! Мутаассифона, солҳои охир ҳодисаҳои нохуши кӯдакдуздию кӯдакрабоӣ, бе ному нишон ғайб задани атфол ва куштору зӯроварӣ нисбати ноболиғон рӯ ба афзоиш ниҳодаанд. Дар кишвари мо низ дар тӯли чанд моҳи охир чандин ҳодисаҳои нохушу ҷигарсӯзи куштор ва таҷовузи кӯдакони ноблиғ рӯй дода, расонаӣ гаштанд. Аз ҳамин хотир аз ҳамаи шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки нисбати фарзандони худ бепарво набошед ва кӯдакони хурдсолро ҳеҷ гоҳ бе назорат нагузоред. Фарзандонатонро ба танҳоӣ барои харид ба мағоза ё бозор нафиристед. Муҳимтар аз ҳама ба кӯдакон ёд диҳед, ки дар кӯча бо одамони ношинос гап задан, аз дасти шахсони бегона шоколад, яхмос ё бозичаву шириниҳо гирифтан ва ҳамроҳи афроди ноошно ба ягон ҷо рафтан тамоман мумкин нест!
Фаромӯш накунед, ки як вохӯрии тақдирсӯз метавонад ҳаёти фарзанди шуморо барбод дода, боиси сар задани фалокае гардед, ки доғаш ҳаргиз аз дил нахоҳад рафт.
Фарзанднатонро эҳтиёт намоед, чунки мо барои ҷигарбандонамон натанҳо дар назди худи кӯдакон, балки дар назди давлат ва муҳимтар аз ҳама дар назди худованд низ масъул ҳастем ва бояд кӯдаконамонро мисли гавҳараки чашмонамон эҳтиёт намоем.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.