расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Муҳоҷирони ҷанҷоли гурӯҳии Маскавро ҷаримаву ихроҷ мекунанд

Асосӣ / Ҷомеа / Муҳоҷир

Муҳоҷирони ҷанҷоли гурӯҳии Маскавро ҷаримаву ихроҷ мекунанд


Муҳоҷирон-иштирокчиёни ҷанҷол дар назди метрои «Кузминка"-и шаҳри Маскав бо қарори суд ба берун аз ҳудуди Русия хориҷ мешаванд, хабар дода мешавад дар сомонаи Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав.

«Шаҳрвандони хориҷӣ бо қарори суд ба берун аз ҳудуди қаламрави Русия бо таъини ҷаримаи маъмурӣ хориҷ карда мешаванд. Ҳамчунин нисбат ба чанде аз шахсон дар бораи манъи вуруд ба қаламрави Русия қарор қабул хоҳад шуд», — омадааст дар хабар.

Дар хабар зикр мегардад, ки пас аз ҷанҷоли гурӯҳӣ 103 нафари дар ин миуноқиша иштирокдошта ба шуъбаҳои минтақавии пулис оварда шудаанд.

Гуфта мешавад, нисбат ба боздоштшудагон бо далелҳои риоя накардани реҷаи будубош (зиндагӣ) дар Русия, майдаавбошӣ, риоя накардани тартиботи муқарраршуаи ташкил ё баргузории маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, раҳпаймоӣ санадҳо (протоколҳо) тартиб дода шудааст.

«Айни замон кормандони пулис санҷиш гузаронида, тамоми ҳолату сабабҳои рух додани ҳодисаро таҳқиқ мекунанд. Аз рӯйи натиҷаҳои он мувофиқи қонун қарор қабул мешавад», — гуфта мешавад дар хабар.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 12 июл дар мавзеи истгоҳи назди метрои «Кузминка"-и шаҳри Маскав байни муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ҷанҷол рух дод. Нахуст гуфта шуд, ки дар ин муноқиша муҳоҷирон аз Қирғизистону Ӯзбекистон иштирок доштаанд.

Сипас ВАО-и Русия хабар пахш намуданд, ки дар ин ҳодиса муҳоҷирони тоҷику ӯзбек бо ҳам ҷанҷол карда, дар он зиёда аз 180 нафар иштирок кардаанд ва қаблан чанд рӯз пеш боз ду муноқишаи дигар рух дода будааст.

Сарчашма: asiaplustj.info

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.