Боздошт гардидани ду ҷавон бо гумони дуздии телефонҳои мобилӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 55-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 9-уми апрели соли 2021, тахминан соати 18:50-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба дигар хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи 50-солагии Тоҷикистони ҳамин ноҳия даромада, аз он ҷо 2-адад телефонҳои мобилии тамғаи «Айфон-12” ва “Промакс»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 16 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад.Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 25 ва 18-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.