Русия: Ҷанги муҳоҷирони тоҷику ӯзбек

Рӯзи 28 март дар яке аз қаҳвахонаҳои шаҳри Калугаи Русия байни муҳоҷирони тоҷику узбек занозанӣ шудааст. Дар натиҷа як муҳоҷири 32-соларо бо захми корд дар ҳолати вазнин ба бемористон бурдаанд.

Пулиси шаҳри Калуга дар бораи занозании гурӯҳӣ байни муҳоҷирони тоҷику узбек хабар дод. Нашрияи маҳаллии «Калуга – Поиск” аз қавли мақомоти пулис гузориш дод, ки рӯзи 28 март дар яке аз қаҳвахонаҳои Калуга байни муҳоҷирони тоҷику узбек занозании шадид ба амал омадааст: «Дар аввал ҷанҷоли лафзӣ рух дода, дар ниҳоят ба занозанӣ кашидааст. Дар натиҷа як ҷавони 23-сола аз ҷайбаш кордро кашида, ба шиками як марди дигар задааст. Ҷабрдидаро, ки 32 сол дорад, дар ҳолати вазнин ба бемористон бурданд. Нафари гунаҳкор дастгир шудааст.”

Дар як соли охир ин алакай чандин бор аст, ки байни муҳоҷирони тоҷику узбек дар Русия занозаниҳо рух медиҳанд.

Шаби 13 июли соли 2016 дар яке аз сохтмонҳо дар рустои Кудрово дар канори шаҳри Санкт-Петербург коргарони тоҷику узбеки ин сохтмон аз гиребони якдигар гирифтанд. Гуфта мешуд, ки муҳоҷирон ҳангоми таҷлили зодрӯзи яке аз онҳо бо якдигар вориди муноқиша шудаанд. Дар пайи ин занозанӣ, ки дар он беш аз 20 нафар ширкат доштанд, як муҳоҷирро бо ҷароҳатҳои миёна ба бемористон интиқол доданд.

Ҳамин тавр, дар моҳҳои феврал – марти соли 2016 ва танҳо дар шаҳру вилояти Маскав 4 мавриди занозанӣ байни муҳоҷирон аз Тоҷикистону Узбекистон рух дода буд. Дар пайи занозании шоми 14 март дар гулгашти Кавказский дар пойтахти Русия 28 нафар ва дар пайи занозании шаби 14 ба 15 феврал байни ду бригадаи кӯчарӯбҳои тоҷику узбак дар кӯчаи Старообрядческая дар ҷанубушарқи шаҳри Маскав 15 тан аз муҳоҷирон аз ин ду кишвар дастгир шуданд. Рӯзи 1 феврал низ муҳоҷирони тоҷику узбак дар ҳолати мастӣ дар шаҳраки Митиши дар канори Маскав аз гиребони якдигар гирифтанд.

Бино ба оморҳо, дар Русия тақрибан 2 миллион муҳоҷир аз Узбакистон ва то 1 миллион нафар аз Тоҷикистон кор мекунанд. Байни онҳо ҳар сари чанд вақт занозаниҳое бештар ба далоили низоъҳои маишӣ рух медиҳанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон афзоиши мавридҳои занозанӣ байни муҳоҷирони кориро пеш аз ҳама ба мушкилоти иқтисодии Русия ва тангтар шудани шароити бозори кори ин кишвар рабт медиҳанд. Онҳо мегӯянд, таъсири бӯҳрон, аз ҷумла кам шудани теъдоди ҷойҳои кории маошашон беҳтар боиси афзоиши рақобат байни гурӯҳҳои мухталифи муҳоҷирон шудааст ва онҳо барои ҳифзи ҷои кори худ ва роҳ надодани гурӯҳҳои рақиб тайёранд ба сари якдигар ҳатто мушт бардоранд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон