расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

. / Ҳаводис

Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

170
Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо ариза марди 37-солаи сокини шаҳри Бохтар муроҷиат намудааст, ки тахминан моҳи декабри соли 2020, шахсони номаълум дар кӯчаи Айнии шаҳри Бохтар, 1-адад терминали маблағгузарони (банкомат)-ро зада шикаста, аз дохили он 80-сомониро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 6 ҳазору 80-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини ҷамоати деҳоти Н.Хусрави ноҳияи Қубодиён, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд, ки ҷинояти мазкурро бо ҳамроҳии рафиқаш “Зайдулло” ном шахс сокини ноҳияи Кӯшониён содир намудааст. Барои дастгир намудани шахси мазкур чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.
Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза марди 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 14-уми феврали соли 2021, тахминан соати 01:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз оғилхонааш 2-сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зарбдори ҳамин шаҳр, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамзамон номбурда шаби 23-юми марти соли 2021, бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматии зани 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зарбдор шуда, аз он ҷо 1-адад қолин, 1-адад фен, таҷҳизот ва либосҳоро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.