расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » САЙФ АЛӢ ХОН БОЗ ПАДАР ШУДУ БАР ЗИДДИ COVID-19 ЭМ ГИРИФТ

. / Ҷомеа

САЙФ АЛӢ ХОН БОЗ ПАДАР ШУДУ БАР ЗИДДИ COVID-19 ЭМ ГИРИФТ

Сайф Алӣ Хон, ҳунарманди 50-солаи ҳинд дар яке аз марказҳои саломатии шаҳри Мумбай бар зидди COVID-19 эм ё худ ваксина гирифтааст. Хабаргузории “Zee-TV” иттилоъ медиҳад, ки дар Ҳиндустон эмгузаронӣ бар зидди бемории сироятии COVID-19 шурӯъ шуда, то ҳол Камол Ҳасан, ҳунарманди 66-сола, Ракеш Рошан, собиқ ҳунарманд ва ҳоло продюсери 71-сола ва Сатиш Шоҳ, ҳунарманди 69-солаи ҳинд ваксина гирифтаанд.  
Пас аз ин ҳунармандон, Сайф Алӣ Хон чорумин нафар аст, ки эм мегирад. Эмгирии ҳунарманд дар ҳолест, ки 21-уми феврали соли равон ҳамсараш Карина Капур, ҳунарпешаи 40-солаи ҳинд барояш писарча таваллуд кард. Расонаҳо менависанд, ки ҳоли модару кӯдак мӯътадил буда, ба саломатиашон хатари ҷиддие таҳдид намекунад. Тифли навзод барои Карина фарзанди дувум ва барои Сайф фарзанди чорум ба ҳисоб меравад. Нахустфарзанди Карина аз Сайф соли 2016 ба дунё омада буд ва моҳи декабр 5-сола мешавад. Сайф Алӣ Хон аз издивоҷи аввалааш як духтару як писар низ дорад, ки ҳамроҳи модарашон зиндагӣ мекунанд.  подробнее тдж: https://oila.tj/news/sayf-al-khon-boz-padar-shudu-bar-ziddi-covid-19-em-girift  

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.