расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

. / Ҳаводис

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 27-солаи сокини шаҳри Турсунзода муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2020, зани 46-солаи сокини шаҳри мазкур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 13 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта ваъда додааст, ки бародарашро аз толори суди шаҳри Турсунзода озод менамояд, аммо маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 19-уми декабри соли 2018, марди 56-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 20 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки шавҳарашро аз ҳабс озод мекунад, аммо фиреб дода, то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Ҳамзамон, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 15-уми декабри соли 2020, марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаҳои 247 ва 292 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Тайота-Приус»-ро ба маблағи 90 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати 3-шабонарӯз маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағи ваъдадодаашро барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 20-уми марти соли 2020, зани 44-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 230 ҳазор сомонӣ гирифта, хонаи истиқоматӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе бударо бе ягон ҳуҷҷат фурӯхта, ваъда додааст, ки ҳуҷҷатҳои хонаро то рӯзҳои наздик оварда медиҳад, аммо то ҳол фиреб дода гаштааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.