Мардон чӣ гуна занро мехоҳанд?
Мундариҷа
- Ҷавонмардон киро арӯси беҳтарин шумурда ба занӣ мегиранд?
- Зани хондагӣ беҳтар ё бесавод?
- Дилрабо ё супер-модел?
- Меҳрубон бошӣ, хушбахт мешавӣ
- Бибичаққонак
- Зане, ки мардро мегурезонад…
- Хирсаки махмалин беҳтар ё Барбӣ?
- Накҳати зан
Ҷавонмардон киро арӯси беҳтарин шумурда ба занӣ мегиранд?
Шавҳари хуб ёфтан имрӯз кори осон нест, зеро дар кишвари мо шумораи занҳои танҳо аз шумораи мардони муҷаррад зиёдтар аст. Мушкилии рӯзгор, муҳоҷират ва хеле барвақт ба шавҳар додани духтаракон боиси зиёд шудани занҳои бешавҳар гаштааст. Барои соҳиби бахт шудан бояд зани орзуҳои мард гашт. Мехоҳед донед, ки чӣ гуна ба дили ҷинси мард роҳ ёфта, дар ин замонаи душвор соҳиби шавҳар ва хонаи обод гаштан мумкин аст? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед!Аксарияти бонувон бо андешаи он ки мардҳо зани зебою хушқаду қоматро дӯст медоранд, пули калон сарф карда аз мағозаҳо косметика ва либосҳои гаронбаҳо мехаранд, худро орову торо медиҳанд, моҳҳо ба азоби гуруснагӣ тоқат карда, парҳез менамоянд, вале олимон бар он назаранд, ки ин ҳама ҷонкоҳонии ҷинси латиф беҳуда аст. Тадқиқотҳо кайҳо исбот намудаанд, ки танҳо мардони булҳавас ба ҳусну малоҳати зан таваҷҷуҳ мекунанд, мардони зангир бошанд, ҳангоми интихоби ҳамсафари ҳаёт ба дигар сифатҳои арӯсшаванда диққат медиҳанд.