расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » 21-СОЛИ ИНТИЗОРӢ ВА ҲОЛИ ЗОРИ ДИЛБАР

. / Ҳаводис

21-СОЛИ ИНТИЗОРӢ ВА ҲОЛИ ЗОРИ ДИЛБАР

Дилбар Муҳаммедова 51-сол дорад. Шавҳараш ҳанӯз 21-сол қабл ӯро бо чаҳор фарзанд дар нимароҳи зиндагӣ танҳо гузшта, бе ному нишон ғайб задааст. Қабл аз сафар падари бачаҳояш ваъда дода буд, ки ба Русия мардикорӣ меравад ва пул кор карда, хона мехарад, аммо бо ҳамин бе ному нишон гашт. 
Ин зани берӯзӣ аслан намедонад, ки шавҳараш зинда аст ё мурда, зеро дар бадали 20-сол падар шуда, вай ягон бор ақаллан занг зада, ҳоли фарзанднашро пурсон нашудааст. Дарду алами бехонагию дар ба дарӣ ва фикри тақдири ояндаи чаҳор фарзанди падардори бе падараш Дилбарро дарун ба дарун хӯрда, оқибат бемори бистарӣ гардонд. Ин зани бетақдир бар асари дарду ғам ва асабонияти зиёд аз пойи равон монда, чанд сол боз ба бистари беморӣ мехкӯб гаштааст. Дилбар ба ҷарроҳии сутунмӯҳра ниёз дорад, вале бо сабаби камбизоатӣ наметавонад аз паси табобати худ шавад. Умедворем, ки муштариёни сомонаи Оила. Тч дарди дили ин зани берӯзиро аз забони худи Дилбар ва пайванднаш шунида, ба ӯ дасти ёрӣ дароз менамоянд. Нафароне, ки ба ин оилаи ниёзманд кӯмак расонидан мехоҳанд, ба рақамҳои 987056402 занг зананд ё ба корти бонкии 5058270420152687 (Эсхата), ки ба номи духтари Дилбар- Мунира Одинаева мебошад, хайрияи худро гузаронанд.  подробнее тдж: https://oila.tj/news/21-soli-intizor-va-oli-zori-dilbar

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.