расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » МИНОЮ ШАҲРИЁР ТӮЙ МЕШАВАНД?

. / Ҷомеа

МИНОЮ ШАҲРИЁР ТӮЙ МЕШАВАНД?


Салом “Оила”! Ман хонандаи ҳамешагии шумо ҳастам ва ҳар ҳафта чоп шудани ҳафтаномаро бесаброна интизор мешавам. Имрӯз хабаре маро водор сохтааст, ки ба унвони шумо бори аввал нома бинависам ва умедворам, ки хоҳиши маро иҷро мекунед. Тахминан чор-панҷ сол
мешавад, ки мухлиси ашаддӣ ва дар баробари ин, ошиқи овозхони ҷавон Шаҳриёр Давлатов ҳастам.
Садояш, суруду таронаҳояш, ҳатто аксҳои бешумори ӯ, ки хонаи хоби маро пур кардаанд, оромкунандаи қалбу рӯҳи ман ҳастанд. Шунидам, ки Шаҳриёр Миноро дӯст дошта, ба ӯ хостгор шудааст. Баробари шунидани ин хабар дуд аз димоғам баромад. Наход Шаҳриёре, ки ман аз ҷонам бештар дӯсташ медорам, ошиқу хостгори нафари дигар бошад? Медонам, ман ҳеҷ гоҳ ба висоли Шаҳриёр расида наметавонам, аммо намехоҳам, ки ӯ насиби каси дигар шавад. Аз рӯзе, ки ин хабарро шунидам, дар оташи рашк месӯзаму коре аз дастам намеояд. Дарди диламро ба касе ҳам гуфта наметавонам, зеро метарсам, ки атрофиён ба ҳолам механданд. Охир, мани деҳотӣ куҷову Шаҳриёр куҷо? Ба ҳамин хотир, ба “Оила”-и дардошно нома навиштам, то ҳақиқати ин овозаро муайян созад. Донистан мехоҳам, ки Шаҳриёр Давлатов дар ҳақиқат хостгори Мино шудааст. Агар ҳа, Мино дар ҷавоб чӣ гуфтааст? Ин овоза то куҷо ҳақиқат дорад? “Оила”-и азиз, ягона ҳамрози ман ту ҳастӣ, дар шумораи навбатиат ҷавоби хоҳишамро дидан мехоҳам. Умедворам, ки хабари хуш мерасонӣ. Бо эҳтиром М., аз ноҳияи Кӯшониён

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.